ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОТАШ ГИРИФТАНИ УАЗ-469, ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНҲОИ РАҲГУЗАР МОНДАНИ ЯК КӮДАК ВА МОДАРУ ДУХТАР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 19 ва 21 июли соли 2024 дар 3 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 3 нафар, аз ҷумла як духтарчаи ноболиғи 9-сола ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла рӯзи 19-уми июли соли 2024, тахминан соати 17:00, ронандаи мошини тамағаи “УАЗ-469”, Шарипов Садриддин Қадриддинович, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи кӯҳии ноҳамвори ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Лахш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва мошинаш ба чуқурии 14 метр чаппа шуда, оташ гирифтааст. Дар натиҷа, ронанда Шарипов С.К. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, мусофири ӯ Шарипов Имаралӣ Ҳомидҷонович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Лахш, қисмати зиёди баданаш сӯхтааст. Ӯро дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ кардаанд, вале Шарипов Имаралӣ баъди 4 соат дар бемористон ҷон додааст.
Ҳамин тавр, рӯзи 21-уми июли соли 2024, тахминан соати 15:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Тағоев Фахриддин Файзуллоевич, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Данғара, дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи Ҳилолии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Мирзозода Маҳваш Амриддин, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи мазкурро пахш кардааст. Дар натиҷа, духтарча дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам рӯзи 21-уми июли соли 2024, тахминан соати 13:30, ронандаи мошини тамғаи «Тойота Камри», Кулиев Нозимҷон Сатторович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чуст (собиқ Чузӣ)-и ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Қурбонова Садафой, соли таваллудаш 1972 ва духтараш Саидова Суман, соли таваллудаш 2002, сокинони ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст. Дар натиҷа, Қурбонова Садафой ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ходиса ба ҳалокат расидааст ва духтари ӯ Саидова Суман бо  ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button