МИЛИТСИЯ – ДӮСТИ САЙЁҲОН? ДАР ДУШАНБЕ МИЛИТСИЯИ САЙЁҲӢ ТАШКИЛ ШУД
![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2024/07/image-37.png?resize=780%2C470&ssl=1)
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки бо дастури шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти Тоҷикистон шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ ташкил гардида, барои сайёҳон рақами махсуси 0200 таъсис додаанд.
Маркази матбуоти милитсияи Душанбе гуфт, шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ дар сохтори мақомоти милитсияи пойтахт “бо мақсади расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ, роҳбаладӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон” ташкил карда шудааст.
“Акнун, сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳангоми ба дилхоҳ мушкилӣ дучор гардидан, метавонанд тавассути рақамҳои 02-00 бевосита ба милитсияи сайёҳии пойтахт дар тамос шаванд”, – гуфта мешавад дар иттилоия. Раёсати корҳои дохилии Душанбе афзудааст, ки “милитсия кафили таъмини ҳуқуқу манфиатҳои сайёҳон аст”.
Қаблан чунин шуъбаҳои милитсияи сайёҳӣ дар чанд воҳиди дигари ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла дар раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ин вилояти кӯҳистонии воқеъ дар шарқи ҷумҳурӣ яке аз самтҳои умдаи сафари сайёҳони хориҷӣ ба шумор меравад, ташкил карда шуданд. Дар дастгоҳи марказии ВКД Тоҷикистон низ инак чанд сол боз як раёсати алоҳидаи экологӣ ва сайёҳӣ фаъолият дорад.
Ташкили воҳидҳои милитсияи сайёҳӣ дар сохтори милистсияи ҷумҳурӣ дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, то сайёҳиро ба як манбаи умдаи даромади кишвар табдил диҳад.
Дар гузашта сайёҳони хориҷӣ зиёд шикоят мекарданд, ки кормандони милитсия ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо ҳар баҳона аз онҳо пул мекананд. Сайёҳон ҳатто аз кормандони милитсия дар пойтахти Тоҷикистон шикоят мекарданд, ки маконҳои диданӣ дар маркази пойтахт, ҳатто ҳайкали Исмоили Сомониро “иншооти стратегӣ” хонда, барои акс гирифтан дар пои ҳайкали Сомонӣ ва дигар биноҳо аз сайёҳон пул мекананд.
Дар посух ба ин шикоятҳо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш ҳар навъ бадрафторӣ нисбат ба сайёҳонеро, ки меҳмони ҷумҳурӣ мешаванд, ҳамвазни хиёнат ба Ватан номид ва талаб кард, ки афроде, ки ба чунин қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, бидуни ягон тараҳҳум шадидан ҷазо дода шаванд. Дар пайи ин, шикоятҳо дар мавриди бадрафтории милисаҳои тоҷик нисбат ба сайёҳони хориҷӣ тақрибан аз байн рафтанд ва чанд сол боз ба гӯш намерасанд.
![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2024/07/image-35.png?resize=708%2C472&ssl=1)
![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2024/07/image-36.png?resize=708%2C472&ssl=1)
![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2024/07/image-37.png?resize=708%2C472&ssl=1)
![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2024/07/image-38.png?resize=708%2C472&ssl=1)
![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2024/07/image-39.png?resize=708%2C472&ssl=1)