Хабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР ПОЙТАХТ, БОЗДОШТИ ДУХТАРИ 14-СОЛА БАРОИ ДУЗДӢ ВА 2 ҚАЛЛОБӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 22 июли соли 2024

Дастгир гардидани ҷавони 18-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

192

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 10-уми июли соли 2024, тахминан соатҳои 09:10-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе қарор доштанаш аз ҳолати мастии ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Қубодиён истифода бурда, бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми Нот 9”-ро тассарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 800 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо шудани ду ҳолати дуздӣ

156

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 53-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми июли соли 2024, тахминан соатҳои 12:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 14 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия духтари ноболиғи 14-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-сола ва ҷавони 23-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон 17-уми июли соли 2024, тахминан соати 18:00, дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатии «Камоли Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд 1-адад телефони мобилии тамғаи «Хонор» дарёфт карда, аз дохили телефони мобилӣ аз барномаи «Душанбе-Сити» 7 ҳазору 369 сомониро, ки ба зани 46-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ доштааст, тасарруф намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани амалҳои қаллобӣ

1638

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Истаравшан муроҷиат намудааст, ки 21-уми ноябри соли 2023, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Range Rover», ки арзишаш 470 ҳазор сомониро дарбар мегирад, гирифта ваъда медиҳад, ки бар ивазаш ба ӯ 3-адад автомашинаи тамғаи «Lexus RX-350», «Mercedes Benz» ва «Tоyota Camry-2» медиҳад, аммо гумонбаршаванда аз ин автомашинаҳо танҳо «Lexus RX-350» ва «Tоyota Camry-2»-ро дода, автомашинаи тамғаи «Mercedes Benz»-ро надода, ӯро фиреб карда то ҳол маблағашро барнагардондааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 44-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, пеш бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрока дар чанд марҳила: 18-уми феврали соли 2022 панҷ ҳазор доллари амрикоӣ, 25-уми майи соли 2022 сенздаҳ ҳазор доллари амрикоӣ ва моҳи марти солли 2022 даҳ ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аз онҳо 8 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда маблағҳоро то ҳол барнагардонида ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button