ҒАРҚ ШУДАНИ СЕ КӮДАК ДАР АРШИ ҚАРОТОҒУ ТУГАРАКИ ВОСЕЪ ВА РЕВАРЗИ АЙНӢ

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи рӯзҳои истироҳати 20-21 июли соли 2024 дар ҷумҳурӣ се нафар, аз ҷумла ду кӯдак, дар об ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додаанд. Як тифли дигарро тавонистаанд аз марг наҷот диҳанд.
Аз ҷумла 20 июли соли 2024, тахминан соати 10:55, сокини 2-солаи деҳаи Тугараки ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, ки бе назорати падару модар монда, аз ҳавлӣ берун шудаву дар канали таъмини оби деҳа сарозер шудааст. Волидонаш аз ҳодиса ба зудӣ огоҳ шуда, кӯдакро аз об берун овардаанд ва ба бемористон бурдаанд . Хушбахтона, табибон тавонистанд ҷони ӯро аз марг наҷот диҳанд.
Ҳодисаи дуюм низ дар ҳамин деҳаи Тугарак рух додааст ва боз ҳам тифлаке ғарқи об шудааст ва ин бор ҳодиса фоҷеабор анҷом ёфт. Тақрибан соати 13:33, як кӯдаки 2-сола аз беназоратии волидон дар ҳавзи резинии ҳавлӣ афтодаву ба ҳалокат арсидааст.
Ҳамон рӯзи 20 июли соли 2024, тахминан соати 13:00, як сокини 12-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми оббозӣ дар дарёи Қаратоғ дар ҳудуди деҳаи Арши ҷамоати деҳоти Қаратоғ дар канори шаҳри Турсунзода ғарқ шудааст. Падараш кӯшиш кардааст, ки ӯро наҷот диҳад, аммо натавонистааст. Ҷустуҷӯи ҷасад то ҳол идома дорад.
Ва 21 июли соли 2024, тахминан соати 15:00, як сокини 27-солаи деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш, дар канори деҳаи Сариҳавзи ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кушониён ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҷасади ӯро 3 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда, аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ва шаби 20 июли соли 2024, тахминан соати 23:45, ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар соҳили дарёи Зарафшон як ҷасад ба чашм мерасад. Наҷотдиҳандагони минтақаи Зарафшон ба ҷойи ҳодиса – деҳаи Реварзи ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ равон шуда, ҷасадро аз об берун оварданд ва барои ташхис ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Маълум шуд, ки марҳум як сокини деҳаи Похуди ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ буда, 13 сол доштааст.
Ӯ бештар аз як моҳ пеш, 14-уми июни соли 2024 дар ҳудуди мавзеи Деҳпас нопадид шуда буд.
Кумита бо изҳори таслияту ҳамдардӣ ба пайвандони ҳалокшудагон бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хотиррасон мекунад, ки оббозӣ дар дарёҳои кишвар мамнӯъ аст. Махсусан волидон бояд фарзандони ноболиғи худро беназоат нагузоранд ва ҳаёти онҳоро зери хатар нагузоранд.
Инчунин, рӯзи 20 июли соли 2024, ба қисми навбатдории КҲФ занг заданд, ки дар кӯчаи Алишер Навоӣ 37/1-и шаҳри Душанбе тайи 10 рӯзи охир соҳиби яке аз манзилҳо аз хона берун набаромада, дарро боз намекунад. Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе якҷо бо кормандони милитсия дари манзили хонаи ин шаҳрвандро боз карданд. Диданд, ки соҳиби ин хона зани танҳои 55-сола кайҳо ҷон аз даст додааст.Ҷасади ин зан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд, то сабаби маргаш ташхис шавад.