ВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

БОЗ ДИЛОВАРИ ПИСАРИ ШЕРАЛӢ ГУЛ? БОЗДОШТИ 2 РОНАНДА БО РАҚАМҲОИ “КРУТОЙ” (АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 22 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки аз ҷониби кормандони бозрасӣ, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Toyota Land Cruiser” рақамҳои қайди давлатиаш 10 00 VP 01, Шерализода Диловар Шералӣ, соли таваллудаш 1996, сокини ш.Душанбе боздошт карда шуд.

Диловар Шерализода, бинои ба иттилои дарёфтӣ, писари , собиқ вазири энергетикаю саноат ва қудои президенти Тоҷикистон Шералӣ Гул буда, дар гузашта низ чандин бор барои қонуншиканиҳояш ҷаримаву ҳабси маъмурӣ шуда, дар соли 2018 барои латтукӯби як корманди милитсия ҳатто маҳкум ба зиндон шуда буд.

Худи Диловар Шерализода барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба иттилои милитсияи пойтахти Тоҷикистон: “Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар баробари насби таҷҳизоти махсуси равшанидиҳанда (мигалка), ҳамзамон оинаи пеши воситаи нақлиёти худро яклухт бо плёнкаи сиёҳ (наповал) рӯйпӯш намудааст. Нисбати номбурда тибқи талаботи моддаҳои 330 ва 316 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд”.

Ба Диловар Шерализода бар асоси моддаи 316 барои худсарона дар мошинаш насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва равшанидиҳанда ҷарима ба андозаи то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (то 360 сомонӣ) ва барои сиёҳ кардани шишаҳои мошинаш ҷарима ба андозаи то 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (то 10 ҳазору 800 сомонӣ, ё қариб 1000 доллар) таҳдид мекунад.

Ҳамзамон, бино ба иттилои маркази матбуоти милитсияи Душанбе, зимни корбарӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки Ғафуров Акбарҷон, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Toyota Camry”, рақамҳои қайди давлатиаш 01 01 QM 01 низ дар автомашинаи худ таҷҳизоти махсуси садодиҳанда (сирена) насб кардааст. Нисбат ба ӯ низ дар асоси моддаи 316Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ бартараф карда шуд. Ба ӯ то 360 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.

Номи Диловар Гулов, писари Шералӣ Гул аз ҳамсари дуюмаш Меҳринисо Сангалиева, хоҳари вакили собиқи парлумон Саодат Амиршоева бори аввал нест, ки дар робита ба моҷароҳои гуногун ва аъмоли ҷиноияш расонаӣ мешавад.

Дар соли 2015 Диловар Гуловро барои бидуни иҷозатнома рондани мошини сиёҳшиша 5000 сомонӣ ҷарима баста, моҳи августи ҳамон сол бо ҷурми майдаавбошӣ 10 рӯз ҳабс карданд. Моҳи октябри соли 2017 номи Диловар Гулов дар робита ба як занозанӣ дар ҳузури ситораҳои эстрада ва латукӯби овозхон Остони Азиз расонаӣ шуд.

Ҳамин тавр, Диловар Гулов субҳи барвақти 10 марти соли 2018 дар пайи як занозанӣ дар тарабхонаи “Гэлакси” дар наздикии театри опера ва балет дар маркази Душанбе ҳамроҳи шавҳари хоҳараш Дилшод Нуруллозода ва 11 тани дигар боздошт шуданд. Диловар Гулов ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд ва РВКД Душанбе дар сомонааш аксҳои ӯву шариконашро дар ҳолате нашр кард, ки дар рӯзҳои ҳабс дар ҳавлии боздоштгоҳ машғули рӯбучин ва побел кардани замин буданд.

Гуловро рӯзи 14 март аз боздошт ҷавоб доданд ва алакай рӯзи 17 март барои боз ҳам бидуни иҷозатнома сиёҳ кардани шишаҳои пеши мошинаш боздошт ва ҷарима карданд.

Чанд қазияи ба дасти милиса афтодани Диловар Гулов – писари қудои президент Шералӣ Гул дар ҷомеа масъалаи рафтори фарзандони мансабдорони баландпоя дар Тоҷикистонро доғ кард. Бисёриҳо навиштанд, ки ин фарзандон дар ҳавои давлату савлати волидайни пурнуфузи худ сармаст шудаву аз худ рафтаанд. Ба ақидаи бисёриҳо, ин ба истилоҳ “фарзандони тиллоӣ” бо чунин рафтори бехудона ва бемасъулиятиашон нафақат волидони худ, балки ҳукумат ва аз ҷумла раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар чашми мардум бадном мекунанд.

Ва баъди ҳабси Диловар Гулов дар моҳи марти соли 2018 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон афроди наздикаш, аз ҷумла Шералӣ Гулро ҳушдор дод, ки лаҷоми фарзандони азхудрафтаашонро бикашанд ва ӯро бадном накунанд. Баъди ҳушдори президент Диловар Гуловро ба Аврупо барои таҳсил фиристоданд, вале ӯ тобистони соли 2018 бо оғози таътилоти тобистона ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва ба моҷарои нав гирифтор шуд.

Ин дафъа писари вазири собиқи саноату энергетика ва қудои президенти Тоҷикистон ҳамроҳи рафиқонаш ба ҳамла ба корманди раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП)-и вазорати корҳои дохилӣ Дилшод Нарзуллозода айбдор шуд. Ин ҳамла шаби 8 июл, соати тахминан 23 дар яке аз кӯчаҳои маркази Душанбе сурат гириф ва Нарзуллозода, ки бар асари он ҳамла биниаш шикаста, ҷоғу косахонаи сараш низ осеб дид, чандин рӯз дар бахши нейрохирургияи беморхонаи Қарияи боло таҳти табобат қарор дошт.

Занозанӣ байни Диловар Гулову рафиқаш бо кормандони милитсия вақте рух дод, ки кормандони УБОП ними шаб мошини Гуловро дар яке аз кӯчаҳои маркази Душанбе манъ карда, ӯро ба он айбдор кардаанд, ки ба ҳаракати ронандагони мошинҳои дигар халал эҷод мекунад.

Аммо яке аз наздикони Шералӣ Гул он вақт ҳодисаро каме дигар тасвир кард: “Ҳама медонанд, ки кормандони мақомот ба Диловар қасди кӯҳна доранд ва пайваста ва махсус ӯро таъқибу шикор мекарданд, то ниқорашонро бигиранд. Диловар чанд моҳ дар Аврупо буд, нав баргашту боз аз қафояш шуданд. Ӯро таҳрик додан хеле осон аст, чунки ҷавони оташин аст, даррав дармегирад. Ба хусус вақте ки шоҳиди беадолатӣ шавад. Он шаб кормандони милитсия мошинашро манъ карда, ӯро махсус бо дашномҳои қабеҳ таҳқир кардаанд, то ин ки вокуниш нишон диҳад. Диловар ҳам тоқат накардааст ва ҷазои корманди УБОП-ро барои ҳақоратҳояш додааст.”

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 2 ноябри соли 2018 Диловар Гуловро ба як соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ Диловар Гуловро бар асоси қисми сеюми моддаи 237(авбошӣ бо истифода аз силоҳ ваё ашёе, ки ҳамчун силоҳ истифода шудааст) ва латукӯби кормандони УБОП Дилшод Нарзуллозода гунаҳкор шинохт. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале додгоҳ гуфт, ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла ду фарзанди ноболиғ доштани Диловар Гулов, сидқан изҳори пушаймонӣ кардан ва аз ҷабрдида узр хостани ӯро ба назар гирифта, ба вай чунин ҳукми сабук додааст. Диловар Гулов алакай дар аввали соли 2019 аз маҳбас озод шуд ва ду соли охир ба ҷуз аз видеоҳои ишқбозиаш бо як ситораи машҳури эстрада дигар дар ягон моҷаро номаш набуд.

Аммо шоми 16 майи соли 2021 дар тарабхонаи “Сим-Сим”-и марбут ба хонаводаи Алиматовҳо дар Душанбе бо иштироки Алишер ва Диловар Гуловҳо, фарзандони Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетикаю саноат ва қудои президенти Тоҷикистон боз як занозанӣ рух дод, ки дар ҷараёни он Фирдавс Муродов ва Амирхон Сангалиев (Шаҳбоз) корд хӯрда, дар бемористони  Қарияи Боло бистарӣ карда шуданд. Гуфта мешуд, фарзандони Шералӣ Гул аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд, вале Алишер Гуловро алакай субҳи 17 май дар ҳудуди вилояти Суғд дастгир карданд. Дар бораи натиҷаҳои ҷустуҷӯи Диловар Гулов дигар ягон маълумот нашр нашуд.

Гул Шералии 72-сола, ки қудои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, то замони бознишаста шуданаш аз шахсиятҳои пурнуфуз дар ҳукумати Тоҷикистон ба шумор мерафт. Гул Шералӣ аз соли 2006 то 2013, тайи 7 сол вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ва аз он қабл солҳо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои охир ӯ роҳбарии бахши тоҷикистонии сохтмони лӯлаи гази Туркманистон – Хитойро ба уҳда дошт, вале буҳрони иқтисодӣ иҷрои ин тарҳи бузурги стратегиро ба таъхир андохт.

Дар як вокуниш ба боздошти писару домодаш дар моҳи марти соли 2018 Шералӣ Гул гуфта буд, чунин ба назар мерасад, ки касе махсус аъзои оилаи ӯро “шикор” карда истодааст. Вале вақте Диловар Гулов баъди чанд моҳ боз дастгир ва ин навбат маҳкум ба зиндон шуд, Шералӣ Гул дигар қазияи атрофи писари раҳгумзадаашро шарҳ надод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Китобхонаи миллии Тоҷикистон 10млн китоб д/д. гуяд:

    Чаро “дипломи сурх”, ифтихорнома, медали тилло, забондонӣ ва ғайраи писарони мансабдорон расонаӣ намешавад? Маъишату айшу ишрат аз бекорӣ, мастию каттагию буққугарӣ аз нодонию бесаводӣ сар мезанад.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button