ВидеоСиёсатТоҷикистон

ЯГОН АДВОКАТ ПАРВАНДАИ ШОКИРҶОН ҲАКИМОВРО БА ГАРДАН НАМЕГИРАД

Бо гузашти инак 10 рӯз аз ҳабси Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси маъруф ва муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал–демократи Тоҷикистон, наздиконаш то ҳол натавонистаанд барои ҳимоят аз ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ягон адвокат бигиранд.

Яке аз дӯстони Шокирҷон Ҳакимов рӯзи 22 июли соли 2024 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, адвокатҳо эътироф мекунанд, ки аз дахолат ба парвандаҳои сиёсӣ метарсанд.

“Наздикони Шокирҷон Ҳакимов ба чандин адвокати алоҳида ва коллегияҳои адвокатҳо муроҷиат кардаанд, вале дар ҳама ҷо ба онҳо ҷавоби рад додаанд ва гуфтаанд, азбаски парвандаи ӯ сиёсӣ аст, барои ба дӯш гирифтани парвандааш ҷуръат намекунанд. Гашти тақдирро бубинед, ки имрӯз ягон адвокат ҳатто барои ҳимоят аз Шокирҷон Ҳакимов, ки ҳамкасби худи онҳост ва ҳамчун адвокат дар даҳҳо парвандаи ҳассос иштирок кардааст,  ҷуръат намекунад!” – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”. Ӯ афзуд, ки ҳарчанд дар ин масъала чандон хушбин нест, вале онҳо  талошҳоро барои пайдо кардани ягон адвокати муносибат ва қавӣ барои ҳимоят аз Шокирҷон Ҳакимов идома хоҳанд дод.

Ин дӯсти Шокирҷон Ҳакимов, ки ба далели ҳассосияти масъала ба шарти зикр нашудани номаш бо “Бомдод” суҳбат кард, гуфт, наздиконаш то ҳол дар бораи ба чӣ муттаҳам шудани ӯ ягон иттилоъ надоранд, вале, афзуд ӯ, “сарусадоҳо дар бораи ба парвандаи “ғасби ҳокимият”-и Саидҷаъфар Усмонзода рабт доштани боздошти Шокирҷон низ асос надорад”.

Шокирҷон Ҳакимов рӯзи 12 июли соли 2024 барои бозпурсӣ ба мақомот даъват шуд ва дигар барнагашт. Ӯ инак 10 рӯз боз дар СИЗО, ё боздоштгоҳи воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи 46-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад. Хабари боздошти ин ҳуқуқдон ва сиёсатмадори мухолиф вақте маълум шуд, ки ӯ дар маросими дафни модараш иштирок карда натавонист. Ҳамрохон Ҳакимова, модари Шокирҷон Ҳакимов рӯзи 16 июл дар синни 86 вафот кард ва ӯро асри ҳамон рӯз дар қабристони Тангаки шаҳри Конибодом намози ҷаноза ва дафн карданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз боздошти ин ҳуқуқшиноси маъруф ва сиёсатмадори мухолифро ягон навъ шарҳ надодаанд ва айбномаи расмии зидди ӯ эълоншуда низ то кунан дар ягон ҷо нашр нашудааст. Вале ахиран созмонҳои умдаи мухолифони ҳукумат ва чанд тан аз мухолифини саршиноси тоҷик, ки дар хориҷ ва асосан дар Аврупо фаъолият доранд, боздошти Шокирҷон Ҳакимовро  ҳамчун боз як аломати дигари барҷастаи саркӯби дигарандешии сиёсӣ дар Тоҷикистон ба шиддат маҳкум ва озодии ӯро аз мақомоти Душанбе талаб карданд.

Шокирҷон Ҳакимов аз сиёсати ҳукумати кунунии Тоҷикистон ҳамеша интиқод мекард ва назарашро пиромуни масоили мухталиф дар расонаҳо ошкоро мегуфт. Ӯ чанд дафъа барои курсии вакили парлумон аз зодгоҳаш, шаҳри Конибодом номзадиашро пешбарӣ кард, вале нагузашт. Шокирҷон Ҳакимов мақомотро айбдор мекард, ки бо роҳи тақаллуби овозҳо монеи пирӯзии номзадҳои мухолиф дар интихобот мешаванд.

Боздошти ӯ дар ҳолест, ки аз 12 июни соли ҷорӣ ба ин тараф дар Душанбе дар пайи боздошти вакили парлумон ва раиси собиқи ҳизби демократи Тоҷикистон Сайҷаъфар Усмонзода бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” даҳҳо тан аз сиёсатмадорон ва мансабдорони дар гузашта баландпоя бозҷӯӣ шуда, чанд нафари онҳо, аз ҷумла собиқ иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ва раиси Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, фармондеҳи собиқи “Алфа” полковник Нарзулло Наимов ва муовини раиси ҳизби демократ журналисти шинохта Аҳмадшоҳ Комилзода, ба ҳабс гирифта шуданд. Маълум нест, ки оё боздошти Шокирҷон Ҳакимзода ба ин силсилаи боздоштҳо рабт дорад ё алоҳида аз онҳост?

Шокирҷон Ҳакимов 19 апрели соли 1966 дар Конибодом ба дунё омада, 4 фарзанд дорад. Шокирҷон Ҳакимов соли 1990 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1998 то 2002 аспиранти Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ ва аз соли 2005 то 2009 докторанти Пажуҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва рисолаҳои ҳам номзадиву ҳам докториашро дар Маскав ҳимоя кардааст. Шокирҷон Ҳакимов муаллифи беш аз 90 асари илмӣ, аз ҷумла 15 монографияву китобҳои дарсӣ пиромуни улуми ҳуқуқ  ва сиёсатшиносист.

Шокирҷон Ҳакимов аз замони таъсисаш дар соли 1998 муовини Раҳматуллоҳ Зойиров дар раёсати ҳизби мухолифи сотсиал –демократи Тоҷикистон буд. Ӯро як вориси эҳтимолии Зойиров дар мақоми раҳбари ҲСДТ мешумурданд, вале Зойиров вақти рафтанаш курсии раҳбарии ҳизбро ғайриинтизор на ба Ҳакимов, балки ба Қиёмиддин Азизов супурд. Баъди истеъфо додану аз сиёсат канор рафтани Зойиров, ҳизби сотсиал-демократ амалан аз фаъолият бозмонд.  Раҳматулло Зойиров 18 майи соли 2024 дар синни 66 аз дунё гузашт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button