БАЙДЕН НОМЗАДИАШРО ГИРИФТ. АКНУН БО ТРАМП “ОБАМАИ ЮБКАПӮШ” НАБАРД ХОҲАД КАРД?

Президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи 21 июли соли 2024 билохира ба даъватҳо гӯш фаро дода, 4 моҳ пеш аз интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурӣ аз идомаи мубориза бо Доналд Трамп барои боз 4 соли дигари раёсат бар абарқудрати аз ҳама бузурги дунё даст кашид.
Байдени 81-сола тайи як моҳи охир, бахусус дар пайи ба Трамп бохтани нахустин баҳси интихоботӣ ва дар маҳзари ом “президент Путин” ном бурдани президенти Украина Владимир Зеленский аз ҷониби ҳамҳизбонаш таҳти фишор шадид қарор дошт. Ҳамсангарон ба тавони Байден барои пирӯзӣ бар Трамп дар интихоботи моҳи ноябр шубҳа пайдо карданд. Байден дар оғоз аз пас кашидани номзадиаш саркашӣ мекард, вале вазъи ӯро гирифторӣ ба коронавирус хароб кард, чунки Байден дар айни авҷи корзори интихоботиаш маҷбур шуд маъракаи интихоботиашро қатъ карда, худро то табобати вирусаш дар инзивоъ қарор бидиҳад.
Байден рӯзи 21 июл дар изҳороташ дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) навишт, ки хидмат ба мардуми Амрико ба ҳайси президент барояш шарафи бузург аст ва ӯ мехост, ки дар интихобот иштирок кунад, вале ба хотири манфиатҳои ҳизби демократ ва кишвар бояд аз иштирок дар ин маърака даст бикашад, вале то поёни ин давраи раёсаташ дар мақом мемонад. Муҳлати президентии Байден моҳи январи соли 2025 ба поён мерасад.
Ин тасмими Байден ба собиқаи барҷастаи сиёсии ӯ нуқтаи таммат мегузорад. Ӯ 8 сол дар даврони Барак Обама ноиби президент буд ва соли 2020 дар интихобот Трампро шикаст дод. 4 соли президентии Байден бо рушди иқтисоди Амрико, бозгашти Амрико ба меҳвари сиёсати байналмилалӣ ва пуштибониаш аз муқобилияти Украина ба ҷанги Русия ва дар айни замон, бо доғ шудани масъалаи муҳоҷират дар Амрико дар ёдҳо мемонад.
Байден дар изҳороташ вижатан ба ноиби президент Камола Ҳаррис изҳори сипос карда, ӯро ҳамкори фавқулодда номид. Камола Ҳаррис, духтари муҳоҷирон ва прокурори собиқи Калифорния, ки ӯро “Барак Обамаи юбкапӯш” низ меноманд, акнун ба номзади эҳтимолии демократҳо дар интихоботи моҳи ноябр табдил меёбад.
Бо номзадиашро гирифтани Байден ҷумҳурихоҳон як қартаи асосӣ дар корзори интихоботии худро аз даст доданд. Онҳо то ҳол то куҷо қобилияти кор доштани Байденро зери суол бурда, ба синни ӯ ишораву таъкид мекарданд, ки пири фартут шудааст. Трамп, ки 78 сол дорад, низ чандон ҷавон нест ва масъалаи синни номзадҳо акнун метавонад ба сӯди демократҳо шавад, чунки Камола Ҳаррис ҳамагӣ 59 сол дорад.
Аммо ба зидди Ҳаррич чанд омили дигар бозӣ мекунанд, ки якеаш боло рафтани маъруфияти Трамп, ба хусус дар пайи сӯиқасди нокоми рӯзи 13 июл ба ҷони ӯ дар ҷараёни мулоқоташ дар аёлати Пенсилвания аст. Омили дуюм ин кам мондани вақт то интихобот аст, зеро барои демократҳо дар ҳамагӣ 4 моҳи боқимонда то овоздиҳӣ муаррифӣ ва таблиғ кардани номзади навашон кори саҳлу осоне нахоҳад буд.
Ба болои ин, дар ҳоле ки анҷумани ҷумҳурихоҳон алакай Трампро ҳамчун номзади ниҳоии ин ҳизб тасдиқ кардааст, анҷумани ҳизби демократҳо як моҳ баъд, 19–22 август дар Чикаго доир мешавад. Номзади асосии демократҳо Камола Ҳаррис аст, вале чанд довталаби дигар, аз ҷумла волиёни аёлатҳои Калифорния, Мичигин ва Иллинойс Гэвин Нюс, Гретҳен Уитмер ва Ҷей Притскер ва боз чанд тани дигар низ метавонанд ба Ҳаррис дар ин роҳ ҳанӯз рақобат нишон бидиҳанд.

Камола Ҳаррис 20 октябри соли 1964 дар шаҳри Окленди аёлати Калифорния ба дунё омадааст. Модари ӯ зодаи Ҳиндустон Шамола Гопалан ва падараш муҳоҷир аз Ямайка Доналд Ҳаррис дар донишгоҳи Берклии Калифорния шинос шуда буданд. Модараш дар инҷо рисолааш дар соҳаи табобати бемории саратонро ҳимоя мекард ва падараш – рисолаашро дар улуми иқтисод.
Номи Камоларо модараш интихоб кардааст. Камола дар забони ҳиндӣ номи гули лотос буда, номи дуюми ӯ Деви баргирифта аз номи олиҳаи ҳиндии рушду шукуфоӣ Лакшми-деви аст.
Камола Ҳаррис ҳамагӣ 7 сол дошт, ки падару модараш ҷудо шуданд ва ӯву хоҳари хурдиашро модари онҳо ба воя расонд. Оилаи онҳо дар як маҳаллаи қашшоқи сокинонаш аксаран сиёҳпӯст ба сар мебурд. Вале дар поёни солҳои 60 дар Калифорния барномаи ҳамоиши ақалиятҳои нажодиро ба роҳ андохтанд, ки як бахши он дар мактабҳои маҳаллаҳои бою аҳолиаш сафедпӯст барои таҳсил тақсим кардани кӯдакон аз оилаҳои нодори сиёҳпӯст буд. Камола Ҳаррис низ бо шарофати ин барнома тавонист дар як мактаби хуб таҳсил кунад.
Баъдан модари ӯро ба ҳайси профессор ба Донишгоҳи Макгилл даъват карданд ва оилаҳои онҳо ба Канада кӯчид. Камола Ҳаррис мактаби миёнаро дар Монреал хатм кард ва дипломи бакалаврашро аз донишгоҳи Ҳовард дар Вашингтон, ки ин мактаби олиро “Ҳарварди сиёҳпӯстон” ҳам меноманд, ба даст оварда, рисолаи магистриро дар улуми ҳуқуқ дар Беркли дифоъ кард.
Соли 1990 Ҳаррис имтиҳони адвокатиро супурд, вале дар додситонии ҳавзаи Аалмида дар Окленд ба кор даромад. Ӯ соли 1998 ба дафтари додситони ҳавзаи Сан-Франсиско ба кор гузашта, соли 2003 додситони ин ҳавза интихоб шуд ва то соли 2011 дар ин мақом кор кард.
Камола Ҳаррис солҳои 2010 ва 2014 додситони аёлати Калифорния интихоб гардида, соли 2016 вакили Сенат аз ин аёлат интихоб шуд. Баъди интихобаш ба Сенат журналистон Камола Ҳаррисро “Обамаи юбкапӯш” (Female Obama) меномиданд.
Соли 2020 ӯ ба ҳайси ноиби президент ҳамроҳи Ҷо Байден ба интихобот рафт. Алакай ҳамон вақт рӯи Ҳаррис ба ҳайси номзади ояндаи демократҳо ба президентӣ ҳисоб мекарданд. Албатта, ҳисоби демократҳо рӯи интихоботи соли 2028 буд, вале таҳаввулоти сиёсӣ водор кард, ки Ҳаррис номзадиашро ба таври шитобзада алакай дар интихоботи соли 2024 пешбарӣ кунад.
Камола Ҳаррис дар таърихи аёлати Калифорния нахустин зани сиёҳпӯстест, ки додситони ҳавза ва додситони кулли ин аёлат интихоб шуд. Ӯ ҳамчунин нахустин вакили ҳиндитабори Сенат аз Калифорния , нахустин ноиби президенти Амрико аз байни занони сиёҳпӯстон ва ҳиндитабор буда, инак метавонад дар сурати тасдиқи номзадиаш нахустин номзад ба президентии Амрико аз миёни занони сиёҳпӯстон ва ҳиндитабор ва дар сурати пирӯзиаш бар Трамп нахустин президенти Амрико аз байни ин тоифаи аҳолии Иёлоти Муттаҳида шавад.
