ПУЛИСИ ФАРОНСА МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИНРО БОЗПУРСӢ КАРДААСТ? ХУДАШ МЕГӮЯД, СУҲБАТ БУД, НА БОЗПУРСӢ ВА НА БО ПУЛИС
Хабаргузории Reuters рӯзи 19 июли соли 2024 хабар дод, ки мақомоти Фаронса дар остонаи Бозиҳои олимпии тобистона, ки аз 26 июл то 11 августи соли ҷорӣ дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Порис доир мешаванд, бо мақсади рафъи хатари созмони террористии ДОИШ, ба хусус шохаи дар Афғонистон мустақаршудааш бо номи ДОИШ-Хуросон, як идда аз мухолифини тоҷики дар Фаронса паноҳбурда, аз ҷумла шоиру журналист ва раҳбари Анҷумани озодандешони тоҷик Темур Варқӣ ва муассису муҷрии пойгоҳи хабарӣ ва Ютуб-канали оппозитсионии Ислоҳ ТВ Муҳаммадиқболи Садриддинро бозпурсӣ кардаанд. Муҳаммадиқболи Садриддин мегӯяд, ин на бозпурсӣ, балки танҳо суҳбат буд ва он ҳам на бо пулис ё дигар мақомоти махсус, балки бо намояндагони префектураи Порис.
Бино ба гузориши Reuters, бозпурсии намояндагони аршади мухолифини тоҷик дар Фаронса дар поёни моҳи марти соли 2024, ҳамагӣ чанд рӯз баъди ҳамлаи хунин дар толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар канори Маскав сурат гирифт. Дар он ҳамла, ки масъулияташро ДОИШ ба дӯш гирифт, дастикам 145 кас кушта шуда, бо иттиҳоми даст доштан дар он беш аз 20 нафар дастгир шуданд, ки аксараш, аз ҷумлаи ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, зодагони Тоҷикистонанд.
Ҳамлаи “Крокус” ва ҳамлаи низ хунини рӯзи 3 январи соли 2024 дар шаҳри Кирмони Эрон дар солгарди қатли фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ низ бо дасти тоҷикҳо анҷомшуда тундравони зодаи Тоҷикистонро таҳти таваҷҷуҳи вижаи мақомоти амнмятии кишварҳо мухталиф, аз ҷумла Русияву Амрико ва Аврупо қарор дода, Туркия бошад умуман режими бидуни визаро барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз байн бурд.
Темур Варқӣ, ки аз соли 2016 дар Фаронса паноҳ бурдааст, ба Reuters гуфта, ки дар ин ҳама сол ӯро бори аввал ба пулис даъват карданд. Ба гуфтаи Варқӣ, бо ӯ ду афсари пулис, ки якеаш ба русӣ ҳарф мезад, суҳбат кардаанд ва дар бораи афроди тундрав дар миёни ҷамъияти хеле хурди зодагони Тоҷикистон дар Фаронса пурсидаанд. “Киро медонед? Чанд нафарро? Аз куҷо онҳоро медонед?” – пурсидаанд кормандони пулис.
Темур Варқӣ, хабарнигори собиқи бахши русии БиБиСи ва мунтақиди сарсахти президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо гуфтааст ки дар Фаронса ҳамагӣ чанд тоҷикро медонад, ки асосан муҳоҷирон ва дигарандешонанд. “Вале ман ягон ҷиҳодиро намешиносам “, – иқрор кардааст Варқӣ ба кормандони пулиси Фаронса.
Ба навиштаи Reuters, Муҳаммадиқболи Садриддин, боз як дигарандеши тоҷик низ суҳбаташ бо пулисро тасдиқ карда, гуфтааст: “Онҳо аз ман пурсиданд, ки дар ин бора чӣ медонам? Вале ман гуфтам, ки хеле мехоҳам кумакатон кунам, вале тоҷикони ақидаҳояшон тундро намешиносам”.
Аммо рӯзи 20 июл дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” Муҳаммадиқболи Садриддин гуфт, ки Reuters хабарро ба шакли нодуруст нашру пешкаш кардааст.
Ӯ дар ин робита гуфт: “Мулоқоту гуфтугӯ буд, вале на дар пулису на бо мақомоти вижа, балки дар префектураи Порис ва бо намояндагони ниҳодҳои мулкӣ. Онҳо аз ман дар бораи ҳодисаи канори Маскав ва чӣ гуна ба гуруҳҳои террористӣ ҷалб шудани тоҷикҳо пурсиданд ва ман назарамро гуфтам. Албатта, дар бораи пайравони эҳтимолии ақидаҳои ифротӣ дар байни тоҷикҳои муқими Фаронса ҳам пурсиданд. Таваҷҷуҳи онҳо қобили фаҳм аст, чунки дар Порис Олимпиадаи тобистона доир мешавад ва мақомоти Фаронса таъмини амнияти ин мусобиқот ва бавижа, дар пайи пешгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ дар рӯзҳои баргузории Бозиҳои олимпиро дар меҳвари таваҷҷуҳи худ қарор додаанд. Вале ман ба онҳо гуфтам, ки дар байни тоҷикҳои Фаронса ягон нафареро, ки пайрави ақидаҳои тундравона бошад, намешиносам”.
Бино ба иттилои дарёфтии “Бомдод”, мақомоти Фаронса ба таври алоҳида бо тақрибан 10 тан аз аъзои ҷамъияти тоҷикони муқими ин кишвар, асосан бо фаъолони мухолифин, дар бораи тоҷиконе, ки эҳтимолан пайрави ақидаҳои ифротӣ бошанд, суҳбатҳо анҷом додаанд.
Себастйен Пейруз, муҳаққиқи фаронсавӣ, ки ба хадамоти амниятии Фаронсаву Амрико дар бораи то куҷо боло гирифтани ақидаҳои ҷангҷӯёна дар Осиёи Марказӣ маълумот ҷамъ меовард, ба Reuters гуфтааст, ки Порис зоҳиран дар амри посух додан ба таҳдиди эҳтимолии ношӣ аз сӯи ҷангҷӯёни зодаи Тоҷикистон каме дер кардааст.
Себастйен Пейрузмегӯяд: “Фаронса ба афроди тундраве, ки аз Ховари Миёна, Алҷазоир ва Африқои шимолӣ меоянд, бештар таваҷҷуҳ нишон медод, то ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ. Фикр мекунам, Порис аз ончӣ, ки дар Маскав рух дод, сахт ба ҳайрат уфтода буд ва шояд дарк кард, ки каме дар ин масъала таъхир кардааст “.
Коршиноси амрикоӣ Эдвард Лемон ва боз ду коршиноси дигар ба Reuters гуфтаанд, ки манбаи таҳдид ба Аврупо метавонанд як шумори ками ҷангҷӯёни тоҷикистоние бошанд, ки дар вақташ дар Сурия меҷангиданд ва баъди шикасти ДОИШ дар Ховари Миёна дар кишварҳои гуногун паҳну парешон шуда, як қисмаш аз тариқи Украина ба Аврупо роҳ ёфтанд. Дар айни замон, ба гуфтаи Лемон, дар Аврупо ва асосан дар Лаҳистон (Полша) ва Олмон ҳазорон паноҳҷӯи сиёсӣ аз Тоҷикистон паноҳ бурдаанд, ки онҳо чандин сол қабл дар пайи дар Тоҷикистон созмонҳои ифротию террористӣ эълон шудани ду ҳаракати оппозитсионӣ – “Гуруҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломӣ – маҷбур ба тарки Ватан шуда, рӯ ба Аврупо овардаанд.

