Ҳуқуқи инсонҶомеа

НИГИНА: МАРО ШАВҲАРИ СОБИҚАМ ЗАД. МИЛИТСИЯ:  ИДДАОИ НИГИНА ТАСДИҚ НАШУД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар пайи таҳқиқи шикояти як зани 28-солаи сокини пойтахти Тоҷикистон бо номи Нигина Султонова, ки бо акси чанд аксари сару рӯи пур аз вараму ҷароҳаташ шавҳари собиқи худро ба шиканҷаву латтукӯбаш айбдор мекард, хабар дод, ки “ҳеҷ кадом аз ваҷҳҳои зикрнамудаи ҷабрдида тасдиқи худро наёфтанд”.

Милитсияи Душанбе бо радди иддаои  ин зан иктифо карда, тафсилоти дигар надодаааст ва танҳо навиштааст, ки дар робита ба ин ҳодиса маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши холисонаву ҳамаҷониба қарор дорад.

Бо ин ҳол, маълум нест, ки пас ин ҳама осору зарбу лат дар рӯи ин ҷавонзан аз куҷост?

Худи Нигина Султонова барои шарҳи қазия дастрас нест. Ӯ дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора ягон изҳори назар накардааст.

Нигина Султонова рӯзи 17 июли соли 2024 дар шабакаи Фейсбук чанд акси худро, ки дар сару рӯяш осори зиёди зарбу лат дида мешуд, нашр кард ва навишт, ки 2 сол боз пайваста аз ҷониби шавҳари собиқаш латтукӯб мешавад.

Ӯ навишта буд: Ман, Нигина Султанова, соли таваллудам 1996, истиқоматкунанди шаҳри Душанбе. Ду сол мешавад,ки аз тарафи собиқ шавҳарам латтукӯб мешавам. Ман мехоҳам зиндагӣ кунам. Ман мехоҳам, ки мисли дигарон дар тинҷиву осоиштагӣ зиндагӣ кунам. Хушбахтӣ мехоҳам. Ман наметавонам дигар хомӯш бошам. Ман намехохам дар айёми ҷавонӣ мисли Салтанат кушта шавам. Илтимос, ба ман кумак намоед!

Маъмулан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе ба шикоятҳои занон аз бадрафтории шавҳарон ва дигар хешовандонашон ба сурати сареъ вокуниш мекунанд.

Моҳе қабл дар пайи дар Интернет аз зӯроварии шавҳараш шикоят кардани блогер Рухшона Раҳматуллоева, мутахаллис ба “Соффи”, ки дар Инстаграм қариб ним миллион обуначӣ дорад, мақомоти милитсияи Душанбе шавҳари ӯ Умед Раҳматуллоевро дастгир ва ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд. Умед Раҳматуллоев ин 7 шабонарӯз ҳабсро алакай шишта баромад, вале маълум нест, ки оё ҳаёти оилавии ӯву Соффи идома ёфт ваё бо ҳамин қатъ шуд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button