
Дар шаҳри Екатеринбурги Русия як мардикор аз Тоҷикистон аз қабати ҳафтуми як бино ба замин афтода, ба таври мӯъҷизавӣ зинда мондааст. Дар ин бора рӯзи 20 июли соли 2024 хабаргузории маҳаллии “Уралский меридиан” хабар дод ва ин ҳодисаро “боварнокарданӣ” номид.
Бино ба гузориши “Уралский меридиан”, мардикори тоҷик рӯзи 20 июл ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар як бинои воқеъ дар кӯчаи “22-й Партсъезд” дар ноҳияи Орҷоникидзе ба замин афтодааст. Ӯро бо ҷароҳатҳои гуногуни вазнин ба таври фаврӣ дар як бемористони ноҳияи Орҷоникидзе бистарӣ кардаанд.
Вазъи саломатии мардикори тоҷик хеле вазнин арзёбӣ мешуд, вале табибон тавонистаанд, ки ӯро аз марг наҷот дода, вазъи саломатиашро нисбатан ба эътидол биоранд.
Чунин ҳодисаҳои нохуш дар Екатеринбург қаблан ҳам зиёд рух додааст.
Қаблан, рӯзи 19 июл, дар Екатеринбург як ҷавон дар пеши чашми ҳамсояҳояш аз балкони қабати 13-уми як бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи 40-солагии Комсомол ба замин афтода буд. Дар видеое, ки шоҳидон сабт кардаанд, дида мешуд, ки ин ҷавон аз панҷараҳои балкон бо даст доштааст ва як ҷавони дигар талош дорад, то ки аз дасташ гирифта, ӯро наҷот диҳад. Ҳамсояҳо аз ҷавон илтиҷо мекунанд, ки ба ҷони худ ҷабр накунанд. Онҳо ба пулис низ занг заданд, вале касе ҷавонро наҷот дода натавонист. Дасти ӯ билохира аз панҷараи балкон канда шуд ва ӯ ба замин афтод. Бино ба хабарҳо, он ҷавон дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. Сабаби ҳодиса маълум нест.
Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи ҷои кор ба Русия мераванд. Даҳҳо ҳазор аз ин муҳоҷирони тоҷик дар сохтмонҳо кор мекунанд.
Ҳар сол дар Русия ба далелҳои гуногун то ҳазор нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд ва чанд ҳазори дигари онҳо ҷароҳат мебардоранд. Ҳодисаҳои нохуш дар ҷои кор ва ҷои зист аз сабабҳои умдаи ҳалокат ва осеб бардоштани муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.
Пулҳое, ки муҳоҷирони тоҷик аз хориҷ ва асосан аз Русия мефиристанд, чанд миллиард долларро ташкил дода, қариб ҳамвазни ҳаҷми буҷаи солонаи Тоҷикистон дониста мешаванд. Пулҳои аз хориҷ фиристодаи муҳоҷирон як манбаи умдаи таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон шумурда мешаванд.