ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ҲАБСИ 2 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК БО ИТТИҲОМИ СӮИҚАСД БА ҶОНИ ВАКИЛИ ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Самара дар ҷануби Русия рӯзи 20 июли соли 2024 ду ҷавони 19-солаи зодаи Тоҷикистону Ӯзбекистон Некрӯз Боҳиров ва Мурод Мусуров ва навраси 16-солаи сокини Самара Артур Багировро бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони вакили Думаи давлатӣ, палатаи поёнии парлумони ин кишвар Михаил Матвеев ва ронандаи ӯ ба муҳлати 2 моҳ, яъне то 18 сентябр ба ҳабси пешакӣ гирифт.  Багиров шакли русии навишти Боҳиров аст, вале маълум нест, ки Артур Багиров бо Некрӯз Боҳиров ягон пайванди хешутаборӣ дорад ё на?

Бино ба хабарҳо, Мурод Мусуров дар додгоҳ тавассути тарҷумон баёнот дода, гуфтааст, ки дар шаҳраки Стройкерамика зиндагӣ ва бо патент дар корхонаи “Балтика” кор мекунад. Мусуров иттиҳоми ба зиддаш эълоншударо рад карда, гуфтааст, танҳо мехост, ки ду тарафи ҷанҷолро ҷудо ва аз занозанӣ пешгирӣ кунад.

Некрӯз Боҳиров гуноҳашро эътироф карда, дар посух ба суоли судя Карина Бичкова ҷавоб дод, ки “изҳори пушаймонӣ мекунам ва омодаам, ки узр бипурсам”.

Некрӯз Боҳиров, санаи таваллудаш 2 феврали соли 2005, зодари шаҳри Конибодом дар шимоли Тоҷикистон ва алакай шаҳрванди Русия будааст. Оилаи онҳо дар шаҳри Толятти сабти ном шудааст, вале дар Самара зиндагӣ мекард.

Матвеев қаблан иддао карда буд, маҳз Боҳиров “саркардаи дастаи байналмилалиест, ки сабабгори муноқиша бо сокинони маҳаллӣ шуд”.  Вакили Дума ҳамчунин иддао дошт, ки гӯё Боҳиров қаблан 3 маротиба суд шудааст.

Вале тавре дар додгоҳ маълум шуд, ба зидди Некрӯз Боҳиров қаблан се дафъа парванда кушодаанд – ду маротиба бо гумони дуздӣ ва як маротиба бо гумони ғоратгарӣ – вале ҳарду парвандаи дуздӣ бар асоси бандҳои якум ва дуюми моддаи 158 дар тирамоҳи соли 2022  ва парвандаи ғоратгарӣ банди якуми моддаи 161 Кодекси ҷиноятии Русия дар моҳи декабри соли 2023 қатъ карда шудаанд. Матвеев дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки ин се парванда гӯё “дар асоси мусолиҳаи тарафҳо” қатъ карда шудаанд.

Дар пайи ҳамла ба вакили Думаи давлатӣ, сардори Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бадбиниаш нисбат ба муҳоҷиронро ҳеҷ гоҳ пинҳон намекунад, амр дод, то дар кадом асос қатъ шудани се парвандаи қаблии ин ҷавони зодаи Тоҷикистонро аз нав тафтиш кунанд. Бастрикин ҳамчунин пойфишорӣ кард, то парвандаи дар робита ба ҳамла ба вакили Дума бозшуда на бо моддаи 213 (авбошӣ), балки бо моддаҳои 30, қисми 3, моддаи 105, қисми 2 (сӯиқасд ба куштори ходими давлатӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон дар заминаи авбошӣ) ҷамъубаст карда шавад.

Бино ба фарзияи Матвеев, шоми 18 июли соли 2024, дар маҳаллаи “9-я просека” дар ноҳияи Промишленнийи шаҳри Самара, ӯву ронандааш Василий шоҳиди ба сокинони маҳаллии раҳгузар ҳамла кардани як гуруҳи муҳоҷирон шуда, аз мошин фаромадаанд, то ки монеи муноқиша шаванд, вале муҳоҷирон худи онҳоро зери мушту лагат гирифтаанд. Дар натиҷа, устухони сари китфи ронанда шикаста, сари худи Матвеевро бо санг ё бо шишаи “бутилка” зада, кафондаанд ва ҳардуро дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Михаил Матвеев 56 сол дошта, узви Ҳизби коммунисти Русия ва вакили Думаи давлатӣ аз ҳавзаи Промишленнийи вилояти Самара мебошад. Ӯ бо суханрониҳои ошкоро ба зидди муҳоҷирон ном баровардааст ва ҳамеша дар бораи афзоиши ҷинояткорӣ аз ҳисоби ақвоми ғайрирус ва беш аз ҳад афзудани шумораи муҳоҷирон дар шаҳрҳои Русия ҳарф мезанад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button