ВидеоИқтисодСиёсатХабарҳои кӯтоҳ

ИДОМАИ ҶАВОНСОЗИИ РАҲБАРОНИ АҲЗОБ: РАИСИ ҲИЗБИ ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ НИЗ ИВАЗ ШУД

Рӯзи 20 июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри  Душанбе анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) доир шуд. Дар ин анҷуман фаъолияти ин ҳизби тарафдори ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар 5 соли охир натиҷагирӣ шуда, раҳбари нави ҳизб интихоб карда шуд.

Дар анҷуман Ашӯрзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод, вакили парлумони Тоҷикистон, ки 48 сол дорад, раиси нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ интихоб шуд. Ӯ дар ин мақом Рустам Раҳматзодаро, ки 64 сол дорад ва аз декабри соли 2019 раҳбари ҳизб буд, иваз кард.

Раҳматзода фаъолияти ҳизбиашро дар мақоми муовини раиси ҲИИТ идома хоҳад дод. Дар ҳисоботаш Раҳматзода гуфт, шумораи аъзои ҳизб ба 33 ҳазор нафар наздик шудааст. Тафтиши ин иддао тавассути манобеи дигар амри муҳол аст.

Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ, дар мақоми муовини раиси ҳизб ва  Сарвиноз Маҷидова  ва Файзулло Раҳматзода дигабора муовини аввал ва муовинони раиси ҲИИТ интихоб шуданд. Файзулло Раҳматзода масъулияти масоили ташкилии ҳизбро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Сабаби иваз шудани роҳбари аввали ҲИИТ рӯшан нест, вале вақтҳои охир дар Тоҷикистон раванди ҷавонсозии раҳбарони аҳзоби сиёсӣ идома дорад. Моҳи майи соли равон ба ҷои вакили 63-солаи парлумон СаидҷаъфарУсмонзода журналист ва ношири 34-сола Зоҳири Аброр раҳбари нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Бархе нозирон чунин ҷавонсозиро бо интиқоли эҳтимолии қудрат аз президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон ба писари 36-солааш Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, мақомот намехоҳанд, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар баробари Рустами Эмомалӣ аз аҳзоби дигар ягон раҳбари солхӯрда пешбарӣ шавад.

ҲИИТ соли 2005 таъсис ёфт. То соли 2019 раҳбарии ин ҳизбро Олим Бобоев ва аз декабри соли 2019 Рустам Раҳматзода бар уҳда доштанд. Раҳматзода дар интихоботи президентии соли 2020 каме бештар аз 2 фоиз овоз гирифт, вале дар интихоботи парлумонии соли 2020 ҳизбаш тавонист соҳиби 5 курсӣ дар Маҷлиси намояндагон шуда, ба сеюми ҳизби аз ҳамаи пурнамоянда дар палатаи поёнии парлумон табдил ёбад. Хотиррасон мекунем, аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 47 курсиашро Ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар даст дошта, Ҳизби аграрӣ 7 курсӣ, ҲИИТ 5 курсӣ, Ҳизби коммунист 2 курсӣ, Ҳизбҳои демократ ва сотсиалист ҳаркадом яккурсигӣ доранд ва Ҳизби сотсиал –демократ аз байни аҳзоби дар Тоҷикистон расман сабтиномшуда ягона ҳизбест, ки дар интихоботи соли 2020 соҳиби ягон курсии вакилӣ нашуд.

Мунтақидон аксари аҳзоби дар Тоҷикистон расман сабтиномшударо аҳзоби тарафдори ҳизби ҳоким мегноманд ва бар инанд, ки онҳо дар маъракаҳои сиёсие, ки дар ҷумҳурӣ барпо карда мешаванд, аз ҷумла дар интихоботҳо, танҳо нақши “массовка”-ро ыро мекунанд, то ки ин маъракаҳоро пуррақобат ва демократӣ намоиш диҳанд. Аммо дар асл, мегӯянд мунтақидон, фоизҳое, ки ин ҳизбҳо дар интихоботҳо ба даст меоранд, сохта буда, мақомот худ ҳал мекунанд, ки ба ин ё он ҳизб чанд фоиз ваё чанд курсии вакилӣ туҳфа кунанд ё накунанд. Онҳо аз ҷумла ҳизби коммунистро ёдовар мешаванд, ки як вақт мавриди қаҳри мақомот қарор гирифт ва танҳо баъди табдили раисаш бо талаби мақомот тавонист ба ҳайъати парлумон баргардад.

Ашӯрзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод, раҳбари нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, 3-юми майи 1976 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Ашӯрзода соли 1999 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро хамчун ходими хурди илмии институти иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намуда, аз соли 2001 ба ҳайси ассистент ва  солҳои 2003 – 2006 ҳамчун муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, аз соли 2006 то соли 2008 ҳамчунин муовини декан оид ба таълими риштаи иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кор кардааст.

 Аз соли 2008 то соли 2009 ёвари ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва солҳои 2009 – 2010 муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкории ҳамин донишкада буд.

Солҳои 2009 – 2010 мудири шуъбаи таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, 2010 – 2011 сардори шуъбаи таҳсили ғоибонаи №1-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва аз соли 2011 то 2012 дар вазифаи декани факултети иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2012 то 2014 декани факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва солҳои 2014 – 2017 дар вазифаи муовини ректор оид ба илми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 2017 то соли 2018 декани факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва аз моҳи майи соли 2018 то марти 2020 дар вазифаи мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор кардааст.

Ғиёсиддин Ашӯрзода муаллифи наздики 80 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, 3 китоби дарсӣ, 2 монография ва 4 васоити таълимӣ буда, соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Ассоҳои ташкилию иқтисодии ташаккули рақобатпахирии хоҷагиҳои кишоварҳии водии Ҳисори Тоҷикистон” («Организационно-экономические основы формирования конкурентоспособного сельского хозяйства Гиссарской зоны Таджикистана») дифоъ кардааст.

Ғиёсиддин Ашӯрзода дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Аксҳо аз: Назаралӣ Пирназаров

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button