ДАЪВАТИ ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК БА РАҲОИИ ШОКИРҶОН ҲАКИМОВ

Бо гузашти инак як ҳафта аз боздошти Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал–демократи Тоҷикистон, мақомот то ҳанӯз боздошти ин ҳуқуқшиноси маъруф ва сиёсатмадори мухолифро ягон навъ шарҳ надодаанд ва айбномаи расмии зидди ӯ эълоншуда низ то кунан дар ягон ҷо нашр нашудааст. Дар ҳамин ҳол, созмонҳои умдаи мухолифони ҳукумат, ки дар хориҷ ва асосан дар Аврупо амал мекунанд, боздошти Шокирҷон Ҳакимовро боз як аломати дигари барҷастаи саркӯби дигарандешии сиёсӣ дар Тоҷикистон номида, ба шиддат маҳкум мекунанд.
Аз ҷумла Паймони Миллии Тоҷикистон, як эътилофи дар худи ин кишвар мамнӯи нирӯҳои мухолифин рӯзи 19 июли соли 2024 дар як изҳорот аз мақомот раҳоии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимовро талаб кард. Паймони миллӣ таъкид кардааст, ки: “Боздошт ва аз саҳнаи сиёсии кишвар дур кардани сиёсатмадорони соҳибандеша ва мустақил, мисли Шокирҷон Ҳакимов барои ояндаи миллат ва давлати Тоҷикистон фалокатбор хоҳад буд”.
Паймони миллӣ ба шарҳи фарзияи эҳтимолии ба парвандаи пурсарусадои раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода рабт доштани боздошти Ҳакимов низ пардохта, боздошти як силсила сиёсатмадорон, аз ҷумла собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, раиси пешинаи ҳизби демократи Тоҷикистон вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода, муовини аввали раиси ҳизби демократи Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Комилзода ва дигаронро “нигаронкунанда” номидааст ва гуфтааст, иттиҳоми “табадуллоти давлатӣ” ба зидди Усмонзода зоҳиран “як баҳонаест барои холӣ кардани майдони сиёсии кишвар ва бештар зери тарс ва фишор қарор додани миллат аст”.
Ҳаракати сиёсии низ дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” дар изҳороташ боздошти Шокирҷон Ҳокимовро “далели набудани демократия дар Тоҷикистон” ва “як пораи дигари бозиҳои сиёсии режими Раҳмонов барои хомӯш кардани овози мухолифон” номида, маҳкум кард. “Гуруҳи 24” менависад, Ҳакимов қурбони ҷанг бо таассуби сиёсии ҳоким бар Тоҷикистон шуд.
“Боздошти Шокирҷон Ҳакимов на танҳо як амали зӯроварӣ зидди як шахсият, балки як ҷанги мудавом байни илм ва ҷаҳолатро намоиш медиҳад. Боздошти Ҳакимов бояд як огоҳи ба тамоми ҷомеа бошад”, – таъкид шудааст дар баёнияи “Гуруҳи 24”.
Тавре нахустин шуда, пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, Шокирҷон Ҳакимов , ҳуқуқшиноси маъруф ва муовини раиси ҳизби сотсиал–демократ, ҳафтае қабл боздошт шуда, дар СИЗО, ё боздоштгоҳи воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи 46-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад. Наздиконаш дар бораи мушаххасан ба чӣ айбдор шудани ӯ изҳори бехабарӣ мекунанд.
Ба гуфтаи яке дӯстонаш, Шокирҷон Ҳакимов ба сабаби дар боздошт қарор доштанаш рӯзи 16 июл дар маросими дафни модараш Ҳамрохон Ҳакимова дар зодгоҳашон, шаҳри Конибодоми вилояти Суғд иштирок карда натавонист.
“Ӯ то ҳол ҳатто аз марги модараш хабар надорад”, – гуфт ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.
Ҳамрохон Ҳакимова, модари Шокирҷон Ҳакимов рӯзи 16 июл дар синни 86 вафот кард ва ӯро асри ҳамон рӯз дар қабристони Тангаки шаҳри Конибодом намози ҷаноза ва дафн карданд.
Шокирҷон Ҳакимов аз сиёсати ҳукумати кунунии Тоҷикистон ҳамеша интиқод мекард ва назарашро пиромуни масоили мухталиф дар расонаҳо ошкоро мегуфт. Ӯ чанд дафъа барои курсии вакили парлумон аз зодгоҳаш, шаҳри Конибодом номзадиашро пешбарӣ кард, вале нагузашт. Шокирҷон Ҳакимов мақомотро айбдор мекард, ки бо роҳи тақаллуби овозҳо монеи пирӯзии номзадҳои мухолиф дар интихобот мешаванд.
Шокирҷон Ҳакимов 19 апрели соли 1966 дар Конибодом ба дунё омада, 4 фарзанд дорад. Шокирҷон Ҳакимов соли 1990 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1998 то 2002 аспиранти Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ ва аз соли 2005 то 2009 докторанти Пажуҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва рисолаҳои ҳам номзадиву ҳам докториашро дар Маскав ҳимоя кардааст. Шокирҷон Ҳакимов муаллифи беш аз 90 асари илмӣ, аз ҷумла 15 монографияву китобҳои дарсӣ пиромуни улуми ҳуқуқ ва сиёсатшиносист.
Шокирҷон Ҳакимов ҳамроҳ бо Раҳматуллоҳ Зойиров яке аз асосгузорони ҳизби мухолифи сотсиал –демократи Тоҷикистон ва муовини Зоиров дар ин ҳизб буд. Ӯро як вориси эҳтимолии Зойиров дар мақоми раҳбари ҲСДТ мешумурданд, вале Зойиров курсиашро на ба Ҳакимов, балки ба сурати ғайриинтизор ба Қиёмиддин Азизов супурд ва ин тасмимашро шарҳ надод. Баъди истеъфо додану аз сиёсат канор рафтани Зойиров, ҳизби сотсиал –демократ амалан аз фаъолият бозмонд. Раҳматулло Зойиров 18 майи соли 2024 дар синни 66 аз дунё гузашт.