ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЁФТ ШУДАНИ ҶАСАДИ МӮСАФЕД, САДАМАИ МАРГБОР ДАР ДӮКОНӢ ВА ЗАМИНЛАРЗА

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 19 июли соли 2024 хабар дод, ки тайи шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ як садамаи маргбор ва як заминларза рух дода, аз як манзил дар Душанбе ҷасади марди солхӯрдаи 68соларо пайдо кардаанд.

Субҳи барвақти 18 июли соли 2024, соати 05:30, дар роҳи Кӯлоб – Данғара –Душанбе, дар канори деҳаи Найи Зиракии ҷамоати Дӯконии шаҳри Норак як мошини боркаши “Шакман” ба сабаби вайрон шудани тормозҳояш ба ҷарии чуқуриаш 150 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронанда ва як мусофираш дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд.

Наҷотбазшон аз хадамоти шаҳри Норак ба ҷои ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ба он ҷарӣ фаромадаанд ва ҷасадҳоро аз даруни мошини пачақшуда берун кашида, боло баровардаанд. Ҳалокшудагон сокини 30-солаи шаҳри Душанбе ва сокини 23-солаи ноҳияи Рашт будаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ҳодиса бори дигар аз ронандагон хостааст, то ки дар роҳҳо аз эҳтиёти тамом кор гирифта, тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла суръатро қатъиян риоя кунанд ва ҷони худу мусофирони худро дар хатар наандозанд.

Бино ба хабари дигари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, наҷотбахшон дар шаҳри Душанбе аз як манзил ҷасади марди солхӯрдаро пайдо кардаанд. Наздикиҳои шоми 18 июл, соати 19:07, як зани 32-солаи кӯчаи Ҳувайдуллоев ба Кумита занг зада, хабар додааст, ки дари хонаашро кушода наметавонад. Ӯ гуфтааст, падари 68-солааш дар дохили хона буд, вале аз дохили манзил ягон садо ба гӯш намерасад ва ба занги дару тақ-тақҳояш касе аз дарун ҷавоб намедиҳад.

Наҷотбахшон дарро кушода, дар дохили хона ҷасади мардро бидуни аломатҳои ҳаёт пайдо кардаанд. Ҷасадро ба кормандони милитсия супурдаанд. Тафтишот бояд акнун иллати марги ин мардро муайян кунад.

Ҳамчунин бино ба маълумоти Хадамоти Геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шаби 18 июли соли 2024, соати 23:14, дар ҳудуди ҷумҳурӣ заминларза сабт шудааст. Маркази офати табиӣ дар 260-километрии ҷанубушарқи Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон ҷойгир шуда, шиддати зилзила дар марказаш 4 балл ва дар Душанбе – 2 баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин офат ягон хисорот ба ҷо нагузошта, касе ҳам осеб надидааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қитъаи Осиё ҷойгир шудааст ва ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминларза рух медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button