Муҳоҷирон дар шаҳри Самара дар ҷануби Русия вакили Думаи давлатӣ, палатаи поёнии парлумони ин кишвар Михаил Матвеевро латтукӯб карда, сари ӯро зада, кафондаанд. Дар ин бора худи Матвеев рӯзи 18 июли соли 2024 дар Telegram-каналаш хабар дод. Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, се муҳоҷир аз Тоҷикистону Ӯзбекистонро дастгир кардаанд. Ба онҳо то як миллион рубл ҷарима ваё то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ҳодиса рӯзи 18 июл дар ноҳияи Промишленнийи шаҳри Самара, ки Матвеев аз ҳамин ҳавза вакили Думаи давлатӣ интихоб шудааст, рӯй додааст. Вакили Дума иддао дорад, ки ӯ шоҳиди ба сокинони маҳаллӣ ҳамла овардани як гуруҳи муҳоҷирон шуда, аз мошинаш фаромад, то ки монеи муноқиша шавад, вале муҳоҷирон худи ӯро зери мушту лагат гирифта, ба сараш бо шишаи “бутилка” задаанд. Дар натиҷа, сиёсатмадори русро бо сари кафида дар яке аз бемористонҳои Самара бистарӣ кардаанд.
Матвеев иддао дорад, ки яке аз ҳамлагарон зодаи Тоҷикистон бо насаби Бохиров буда, қаблан се маротиба суд шудааст. Ба иддаои Матвеев, маҳз Боҳиров “саркардаи дастаи байналмилалиест, ки сабабгори муноқиша бо сокинони маҳаллӣ шуд”.
Як нафари дигари муттаҳам ба ҳамла ба вакили Дума ҷавони 19-сола аз Ӯзбекистон бо номи Мурод Мусуров будааст. Матвеев акси патенти Мусуровро дар Телеграм нашр кардааст.
“Ин даста байналмилалӣ будааст. Саркардааш тоҷике бо номи Боҳиров аст, ки се маротиба суд шудааст. Ӯ худро тарафдори созмони ҷиноии АУЕ ва гӯё назоратчӣ (смотрящий) дар ин минтақаи Самара меномид, вале ҳангоми бозпурсӣ аз эътирофи мақоми худ дар олами ҷиноӣ даст кашид. Ӯ ҳамчунин иддао дошт, ки размандаи ММА мебошад, ба пулис дар бораи набардҳояш ва “рейтингаш” воҳима мекард. Вале мо дидем, ки ин “разманда” бо калтак меҷангид. Боз як ҳамлагараш ӯзбек ва сеюмаш “вырусь” буда, ҳамроҳи онҳо ду хонуми “ошиқи ош” низ буданд, ки баъдан фирор карданд. То замоне ки ману ронандаам Василий пеши роҳи онҳоро нагирифтем, онҳо роҳ ба роҳ алакай 3 ё 5 роҳгузаррро, ки аз пеши роҳашон мебаромаданд, латтукӯб карда буданд ”, – навишстааст Матвеев дар каналаш дар Телеграм.
Тафтиши иддаоҳои вакили Думаи давлатӣ тавассути манобеи дигар амри муҳол ба назар мерасад. Муҳоҷироне, ки бо гумони ҳамла ба Матвеев дар Самара дастгир шудаанд, ва ҳамин тавр, наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд.
Раёсати тафтишоти вилояти Самара хабар дод, ки дар робита ба ҳамла ба Михаил Матвеев бар асоси қисми дуюми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, ҳамаи 3 иштирокчии ин ҳамларо дастгир кардаанд. Ба онҳо ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз ним миллион то як миллион рубл, ё то 5 соли корҳои маҷбурӣ ваё то 7 соли зиндон таҳдид мекунад. Ва, албатта, ихроҷ аз Русия бо манъи бозгашт ба ин кишвар барои даҳҳо сол.
Михаил Матвеев 56 сол дошта, узви Ҳизби коммунисти Русия ва вакили Думаи давлатӣ аз ҳавзаи Промишленнийи вилояти Самара мебошад. Ӯ бо суханрониҳои ошкоро ба зидди муҳоҷирон ном баровардааст ва ҳамеша дар бораи афзоиши ҷинояткорӣ аз ҳисоби ақвоми ғайрирус ва беш аз ҳад афзудани шумораи муҳоҷирон дар шаҳрҳои Русия ҳарф мезанад.