МАНСАБИ НАВИ ДУХТАРИ АМИРҚУЛ АЗИМОВ, МУОВИНИ НАВ БАРОИ БЕГ САБУР ВА ДАҲҲО ТАҒЙИРОТИ ДИГАРИ КАДРӢ

18 июли соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои мақомоти додгоҳӣ, додситонӣ, вазорати мудофиа, Агентии мубориза бо коррупсия, аазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва чандин ниҳоди дигари ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард. Аз ҷумла номзадии Мирзозода Неъмат Мирзо ба баррасии Маҷлиси миллӣ барои таъйин намудан ба вазифаи судяи Додгоҳи олии иқтисодӣ пешниҳод гардида, бо фармонҳои президент ба вазифаҳои раисони додгоҳи шаҳрҳои Хоруғу Леваканд ва раисони додгоҳҳои ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Панҷ, муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе ва муовини рРаиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт кадрҳои, бино ба таъбири хадамоти матбуоти президент, “ҷавону соҳибтаҷрибаи соҳа” тайъин карда шуданд.
Ҳамин тавр, бо қарорҳои ҳукумат, кадрҳои, ба таъбири хадамоти матбуоти президент, “ варзидаю таҷрибадор” ба вазифаҳои муовини вазири маориф ва илм, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбари “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”, муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, мудири телевизиони “Синамо”, муовини сардори Хадамоти алоқа таъйин гардиданд. Раиси қаблии ТВ “Синамо” Набӣ Набизода ба нафақа гусел карда шуда, ӯро дар ин мақом Муфарраҳ Шодизода иваз кард. Ҳамчунин Дилрабо Азимӣ, духтари сиёсатмадори собиқадор Амирқул Азимов роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия ва Муртазозода Аҳлуддин Қарахон муовини сардори Хадамоти алоқа таъйин карда шуданд.
Бо амрҳои президент, муовини мудирри Маркази миллии қонунгузорӣ, муовини якум ва муовини мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ низ “аз ҳисоби кадрҳои роҳбарикунандаи ин соҳаҳо” таъйин карда шуда, дар мувофиқа бо президент, ҳамчунин кадрҳои, ба таъбири хадамоти матбуоти президент, “ҷавону варзида” ба вазифаҳои сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералӣ, прокурори ноҳияи Мурғоби ВМКБ, прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар маҳбасҳои вилояти Суғд, прокурорҳои ноҳияҳои Муминобод ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Сангвору Рӯдакӣ ва сардорони ду раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин гардиданд.
Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар вазорати мудофиа, Ситоди генералӣ, ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баъзе командирони қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ асосан аз ҳисоби кадрҳои дорои ду ва зиёда таҳсилоти олии ҳарбӣ амалӣ гардида, аз ҷумла Расулзода Абдуалим Нурулло сардори раёсати разведкаи ҳарбии Ситоди кулл – муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
Зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйин Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба рафтори ношоиста ва ғайриоинномавии раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ раво дидааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид дошт, ки ӯ натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суҳбат кадрҳои навтаъйинро ба хизмати содиқонаю софдилона, баланд бардоштани донишу маҳорати касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, тарбияи дурусти кадрҳои ҷавон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа ва пурзӯр намудани қудрати дифоии давлат даъват кардааст.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Абдуллозода Орзу Зинатулло аз вазифаи муовини раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, раиси суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
2. Зуҳурзод Неъматулло Ҳиммат аз вазифаи раиси суди ноҳияи Нуробод озод гардида, раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон таъин карда шавад.
3. Ғафориён Тоҳир Ваҳоб аз вазифаи судяи суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
4. Шамсуллозода Абдурашид Маҳмадсаид аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод гардида, муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе таъин карда шавад.
5. Ҷумахонзода Рустам Ҷумахон аз вазифаи раиси суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таъин карда шавад.
6. Муҳаммадзода Рустам Мухторӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Панҷакент озод гардида, судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин карда шавад.
7. Ғафурзода Манучеҳр Абдурасул аз вазифаи судяи суди шаҳри Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шавад.
8. Раҷабзода Муродҷон аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод гардида, муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъин карда шавад.
9. Гулзода Саймаҳмуд Сафарали аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд озод гардида, муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
10. Мирзозода Неъмат Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад.
11. Сафарзода Акбарали Шулаш аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Турсунзода бо хоҳиши худаш озод карда шавад.
12. Муминзода Зоҳир Тоҳирӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2024
№841
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини директори Маркази миллии
қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Маҳмадшозода Ф.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2024
№842
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи сардори раёсати разведкаи ҳарбии Ситоди генералии
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини сардори Ситоди
генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Расулзода А.Н.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Расулзода Абдуалим Нурулло сардори раёсати разведкаи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2024
№843
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 июли соли 2024 №402
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод намудани Убайдулло Н.К.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Убайдулло Насрулло Каримзода аз вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 июли соли 2024 №403
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи
Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо»
озод намудани Воҳидзода У.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Воҳидзода Умеда Сафарӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 июли соли 2024 №404
ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори
Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» озод намудани
Набизода Н.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Набизода Наби Алигавҳар бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» озод карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 июли соли 2024 №405
ш. Душанбе
Дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии
сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон таъин намудани Юсуфзода Ф.Ю.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Юсуфзода Фаррух Юсуф муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 июли соли 2024 №406
ш. Душанбе
Дар бораи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Назирзода А.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назирзода Абдуҷаббори Савзаалӣ муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 июли соли 2024 №407
ш. Душанбе
Дар бораи роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи
Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо»
таъин намудани Шарифзода Б.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шарифзода Баҳром роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 июли соли 2024 №408
ш. Душанбе
Дар бораи роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
таъин намудани Азимӣ Д.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Азимӣ Дилрабо Амирқул роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 июли соли 2024 №409
ш. Душанбе
Дар бораи муовини вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Каримзода Р.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Каримзода Равшан Азам муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 июли соли 2024 №410
ш. Душанбе
Дар бораи директори Муассисаи давлатии
телевизиони «Синамо» таъин намудани
Шодизода М.А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шодизода Муфарраҳ Ҳамро директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 18 июли соли 2024 №411
ш. Душанбе
Дар бораи муовини сардори Хадамоти
алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Муртазозода А.Қ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Муртазозода Аҳлуддин Қарахон муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муртазозода Ораз муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2024
№АП-602
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарифзода Лоҳутӣ Шариф муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2024
№АП-603
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қурбонов Бег Холович бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2024
№АП-604
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарифзода Фарангис Шариф муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2024
№АП-605