ЛАТТУКӮБИ ПИРАМАРДИ 73-СОЛА АЗ СӮИ ҶИЯНАШ ДАР ИСФАРА ВА ДУЗДИИ ЯК ЗАН ДАР ФАРХОР

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 17 июли соли 2024
Қасдан лату кӯб намудани пирамарди 73-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда шоми 8-уми июли соли 2024, тахминан соати 20:30, дар назди хонаи истиқоматиаш бинобар ба миён омадани муносибати оштинопазирӣ бо амакаш, пирамарди 73-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо мушт як маротиба ба рӯяш чунон задааст, ки пирамард ба замин афтида, сараш ба сахтии замин бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Дастгир гардидани зани 29-сола бо ҷурми дуздии ҷавоҳирот
Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми июли соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 39 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро зани 29-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.