КОМИЛАН РОНДА ШАВАД! ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЗОҲИР МУМИНЗОДАРО ҶАЗОИ САХТ ДОД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 июли соли 2024 бо имзои як фармони №841 якбора 9 судяро ба мансабҳои нав таъйин карда, 3 судяи дигарро баракс аз вазифа озод кард.
Аммо агар Неъмат Мирзозода аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” ва Акбаралӣ Шулаш Сафарзода аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Турсунзода “бо хоҳиши худаш” озод карда шуда бошанд, дар ҷумла марбут ба барканории Зоҳир Муминзода навишта шудааст ки: “Муминзода Зоҳир Тоҳирӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад”.
Гузашта аз ин, зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйин Эмомалӣ Раҳмон суханро боз ҳам нахуст аз масъалаи раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зоҳир Муминзода сар кард ва гуфт, ин мансабдор барои он ки рафтори ношоиста ва ғайриоинномавиро нисбати сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ раво дидааст, “натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад”.
Зоҳир Муъминзода, ки қаблан судяи суди вилояти Хатлон буд, соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъин шуда буд.
Ахиран гузориш шуд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон рафтори ӯро ба таҳқиқ гирифтааст.
Гуфта мешуд, ки рӯзи 8-уми июл Муминзода як сарбози Кӯшунҳои марзбониро дар гузаргоҳи назоратии “Дараи об” барои пурсидани ҳуҷҷати тасдиқкунанда бо мушт задааст.
Баҳс миёни сарбоз Фирӯз Атовуллоев ва раиси додгоҳ вақте сар задааст, ки аз ӯ хостаанд, то нафари ҳамроҳи додрас буда шиносномаи худро нишон диҳад.
“Вақте сарбоз аз ҳамроҳи раиси додгоҳ ҳуҷҷат мепурсад, ӯ ҳуҷҷаташро нишон намедиҳад ва раиси додгоҳ аз мошин фаромада, сарбозро ду-се мушт мезанад. Сарбоз ҷароҳат мебардорад. Ҳамон вақт дигар сарбозони дар посгоҳ буда, онҳоро халос мекунанд. Нисбати ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст. Ҳоло додрас мегӯяд, сарбоз ӯро задааст, вале дар наворҳо дида мешаванд, ки ӯ сарбозро задааст“,—гуфта буд як манбаъ аз додгоҳи вилояти Хатлон.
Дар сабти камераҳои назоратӣ низ дида мешавад, ки Зоҳир Муминзода аз мошин фаромада, сарбозро бо мушт мезанад.
Гузаргоҳи “Дараи Об”, ки баҳс онҷо шудааст, дар марз бо Афғонистон ҷойгир шуда, ҳамзамон аввалин гузаргоҳ аз пойтахту вилояти Хатлон ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Аз моҳи майи соли ҷорӣ назорат дар ноҳияҳои сарҳадӣ, аз ҷумла дар даромадгоҳҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурзӯр карда шудаанд.
Бо фармони президент аз 18 июл, Рустам Муҳаммадзода, судяи суди шаҳри Панҷакент аз ин вазифа озод ва раиси суди ноҳияи Панҷ таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Бахтиёр Абдураҳмонзодаро, ки моҳи январи соли равон ҳангоми гирифтани пора дастгир шуд, иваз мекунад. Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи парвандаи Абдураҳмонзода гуфта буд, ки “Абдураҳмонзода Б.С. ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ, дар давраи фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт зимни баррасии парвандаҳои дар пешбурдаш қарордошта барои татбиқи ҷазоҳои нисбатан сабук ба судшавандагон ва ба манфиати онҳо ҳал кардани натиҷаи судӣ бо ин парвандаҳо аз хешвандони судшавандагон дар 7 ҳолат ҷамъ маблағи 128 800 сомониро ғайриқонунӣ гирифтааст”.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Абдураҳмонзодаро низ бо айни далели “бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод карда буд.
Додгоҳҳои Тоҷикистон аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар ба шумор мераванд. Корафтодагон мегӯянд, бидуни додани пора ҳал кардани ягон мушкил дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба як амри тақрибан номумкин табдил ёфтааст.
Дар Тоҷикистон тақрибан 400 додрас кор мекунанд. Ҳамаи онҳо бо фармонҳои президент таъйину барканор мешаванд. Ҳарс ол президент Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории чандин додрасро бо ҷурми “содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” имзо мекунад. Бино ба ҳисобҳо, дар солҳои охир тақрибан 40 судя, ё тақрибан 10 фоизи додрасҳои ҷумҳурӣ бо чунин ҷурм тарки мансаб кардаанд. Аксари онҳо маҳз ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд. Вале мақомот одатан аз шарҳи парвандаҳои додрасҳои бадастафтода худдорӣ мекунанд.
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Абдуллозода Орзу Зинатулло аз вазифаи муовини раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, раиси суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.
2. Зуҳурзод Неъматулло Ҳиммат аз вазифаи раиси суди ноҳияи Нуробод озод гардида, раиси суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон таъин карда шавад.
3. Ғафориён Тоҳир Ваҳоб аз вазифаи судяи суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод гардида, муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
4. Шамсуллозода Абдурашид Маҳмадсаид аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод гардида, муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе таъин карда шавад.
5. Ҷумахонзода Рустам Ҷумахон аз вазифаи раиси суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таъин карда шавад.
6. Муҳаммадзода Рустам Мухторӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Панҷакент озод гардида, судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин карда шавад.
7. Ғафурзода Манучеҳр Абдурасул аз вазифаи судяи суди шаҳри Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, судяи суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон таъин карда шавад.
8. Раҷабзода Муродҷон аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе озод гардида, муовини раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъин карда шавад.
9. Гулзода Саймаҳмуд Сафарали аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд озод гардида, муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
10. Мирзозода Неъмат Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад.
11. Сафарзода Акбарали Шулаш аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Турсунзода бо хоҳиши худаш озод карда шавад.
12. Муминзода Зоҳир Тоҳирӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо сабаби содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июли соли 2024
№841