ЯК ПАНОҲҶӮИ ТОҶИК ДАР БЕРЛИН ЗАНАШРО ДАР ПЕШИ ЧАШМИ 10 ФАРЗАНДАШОН КУШТААСТ
Як марди 59-солаи Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз Олмон паноҳгоҳ хоста, ҳамроҳи 10 фарзандаш дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Берлин ба сар мебурд, ҳамсари 45-солаи худро дар пеши чашми фарзандонаш куштааст. Фарзандони ин хонавода аз 1 то 24 сол доштаанд ва 5 фарзанди ноболиғ ҳамрпоҳи падару модар ва 5 фарзанди дигари алакай ба балоғат расидаашон ҷудо зиндагӣ мекарданд, вале ҳамон шаби наҳс онҳо низ ба хонаи падару модарашон дар кӯчаи Паркштрассе дар ноҳияи Темпелҳоф-Шёнеберги шаҳри Берлин меҳмонӣ омада будаанд. Бехабар аз ин ки бо чашми худ шоҳиди ба сурати фоҷиабор аз дасти падар кушта шудани модарашон хоҳанд шуд…
Исми марде, ки ҳамсарашро кушт, ва ҳамчунин номи зани кушташуда нашр нашудааст. Сабаби муноқишаи хунини зану шавҳар, ки боиси дар пеши чашми фарзандонашон куштани зан шуд, маълум нест. Ин ҳам маълум нест, ки чаро 10 фарзанд натавонистаанд пеши роҳи ин фоҷиаи хунинро бигиранд ва модари худро аз ҷаҳли падар наҷот диҳанд?
Бино ба гузориши расонаҳои олмонӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои хабарииBerlin Live ва Berliner Kurer, фоҷиа дар Паркштрассе шаби якшанбе, 30 июни соли 2024 рух додааст. Тақрибан соати дуи шаб ба пулис аз як манзили воқеъ дар ин кӯчаи воқеъ дар ноҳияи Темпелҳоф занг задаанд ва кормандони пулис ба ҷои ҳодиса рафта, дар дохили он хона ҷасади як зани 45-соларо бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо кардаанд.
Сухангӯи пулиси Берлин дар шарҳи ин ҳодиса гуфт: “Ин зани 45-сола дар қисмати сараш ҷароҳатҳо дошт ва бар асоси маълумоти муқаддамотӣ, гумон меравад, ки ин ҷиноят аст”.
“Berlin Live” бо такя ба манобеи худ менависад, ки марди 59-сола ҳамсарашро зада-зада куштааст. Пулис хабар дод, ки шуъбаи таҳқиқи куштор ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардааст ва шавҳари он занро бо гумони даст доштан дар қатли бераҳмонаи занаш ба ҳабс гирифтаанд.
“Berlin Live” хабар дод, ки ин оилаи бузург чанд сол пеш аз Тоҷикистон ба Олмон омада буд ва дар манзиле дар Паркштрассе ба сар мебурд. Баъдан 5 фарзанди бакамолрасидаи ин хонавода аз падару модар ҷудо шудаанд, вале 5 фарзанди ноболиғи онҳо ҳамчунон дар ҳамин манзил дар канори падару модарашон ба сар мебурданд. Вале он шаби 30 июн, бино ба иттилои “Berliner Kurer”, 5 фарзанди калонсоли ин оила низ дар меҳмонӣ дар хонаи падару модарашон қарор доштаанд.
“Berliner Kurer” хабар дод, ки ин оила ҳамчун паноҳҷӯ ба Олмон омада, дар ин ҷо дархости паноҳандагӣ карда буд. Ҳамсояҳои ин оила дар Паркштрассе ба ин расона гуфтаанд, ки паноҳҷӯёни тоҷик чандон ба забони немисӣ балад набуданд ва ба ин далел, бо онҳо зиёд муошират надоштанд.
Бино ба гузоришҳо, баъди пайдо кардани ҷасади зан 5 фарзанди ноболиғи ин оиларо ҳамроҳи ду ҷонвари хонагие, ки парвариш мекарданд, ба макони амн кӯчондаанд. Онҳоро дар пайи адои бархе муқаррарот, ба бародарони калонсоли онҳо хоҳанд дод, вале дигар таҳти ғамхории падару модар баргардонда наметавонанд. Зеро модари онҳо дигар тарки ин дунё кард ва падарашон бо ҷурми куштани модари онҳо барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон хоҳад шуд.
Қонунгузории Олмон барои куштор ҳамчун ҷазо аз 5 соли зиндон то ҳабси умрбод дар бархе ҳолатҳои алоҳидаро пешбинӣ кардааст. Фемитсид (куштори зан) дар Олмон ҷинояти махсусан вазнин дониста мешавад ва ба ин далел, марди паноҳҷӯи тоҷикро барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш ҳукми тӯлонӣ таҳдид мекунад.
Ин фоҷиа дар Паркштрассе дар як шаб якбора 10 фарзандро аз меҳру муҳаббат ва ғамхории ҳам падар ва ҳам модар маҳрум кард. Ва паёмади аз ҳама сангини ин фоҷиа ҳамин аст…
Дар солҳои охир даҳҳо ҳазор аз зодагони Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо, аз ҷумла ба Олмон кӯчиданд. Бархеи онҳо паноҳҷӯёнанд, ки аз тарси таъқибот ба далелҳои сиёсӣ ё мазҳабӣ тарки Тоҷикистон кардаанд. Вале бахши аъзами ин мардум тоҷикистониҳое мебошанд, ки ба далелҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва асосан бо орзуи таъмини як ояндаи беҳтар барои худу фарзандони худ рӯ ба Аврупо овардаанд.