ВидеоСиёсатТоҷикистон

ХАБАРИ ФАВРӢ! ҲУҚУҚШИНОС ВА СИЁСАТМАДОРИ ШИНОХТА ШОКИРҶОН ҲАКИМОВ БОЗДОШТ ШУДААСТ

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси маъруф ва муовини раиси ҳизби мухолифи сотсиал–демократи Тоҷикистон, боздошт шудааст ва дар СИЗО, ё боздоштгоҳи воқеъ дар ҳудуди маҳаллаи 46-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад.

Мақомот то кунун расман дар ин бора иттилое нашр накардаанд, вале хабари боздошти Шокирҷон Ҳакимовро рӯзи 18 июли соли 2024 чанд манбаи алоҳида дар Душанбе ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд.

“Бале, 4 рӯз боз дастгир шудааст ва дар боздоштгоҳи Фирдавсӣ қарор дорад. Аз ҷониби мақомоти  додситонӣ ва вазорати дохила пурсуҷӯ карда мешавад”, – тасдиқ кард ин маълумотро як манбаи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон.

Аммо ӯ дар бораи бо чӣ иттиҳоме боздошт шудани ин сиёсатмадори мухолиф изҳори бехабарӣ кард.

Наздикони Шокирҷон Ҳакимов низ хабари боздошти ӯро тасдиқ карданд, вале онҳо ҳам дар бораи мушаххасан ба чӣ айбдор шудани ӯ изҳори бехабарӣ мекунанд. Яке аз наздикони Шокирҷон Ҳакимов танҳо гуфт, ки аҳли хонавода барои ӯ ба боздоштгоҳи Фирдавсӣ алакай чанд дафъа хӯроку пӯшок бурдаанд.

“Дар ин масъала, яъне додани хӯроку пӯшок, ба Шокирҷон мақомот ягон мамониат намекунанд. Вале ӯро то ҳол аз наздик ба аҳли хонавода нишон надодаанд ва иҷозати мулоқот низ намедиҳанд. Ҳамин тавр, касе дар бораи ба чӣ айбдор ё гумонбар шудани Шокирҷон Ҳакимов ба наздиконаш то ҳол ягон маълумот надодааст”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ба гуфтаи яке дӯстонаш, Шокирҷон Ҳакимов ба сабаби дар боздошт қарор доштанаш дар маросими дафни модараш Ҳамрохон Ҳакимова дар зодгоҳашон, шаҳри Конибодоми вилояти Суғд иштирок карда натавонист.

“Ӯ то ҳол ҳатто аз марги модараш хабар надорад”, – гуфт ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ҳамрохон Ҳакимова, модари Шокирҷон Ҳакимов рӯзи 16 июл дар синни 86 вафот кард ва ӯро асри ҳамон рӯз дар қабристони Тангаки шаҳри Конибодом намози ҷаноза ва дафн карданд.

Шокирҷон Ҳакимов аз сиёсати ҳукумати кунунии Тоҷикистон ҳамеша интиқод мекард ва назарашро пиромуни масоили мухталиф дар расонаҳо ошкоро мегуфт. Ӯ чанд дафъа барои курсии вакили парлумон аз зодгоҳаш, шаҳри Конибодом номзадиашро пешбарӣ кард, вале нагузашт. Шокирҷон Ҳакимов мақомотро айбдор мекард, ки бо роҳи тақаллуби овозҳо монеи пирӯзии номзадҳои мухолиф дар интихобот мешаванд.

Боздошти ӯ дар ҳолест, ки аз 12 июни соли ҷорӣ ба ин тараф дар Душанбе дар пайи боздошти вакили парлумон ва раиси собиқи ҳизби демократи Тоҷикистон Сайҷаъфар Усмонзода бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” даҳҳо тан аз сиёсатмадорон ва мансабдорони дар гузашта баландпоя бозҷӯӣ шуда, чанд нафари онҳо, аз ҷумла собиқ иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ва раиси Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, фармондеҳи собиқи “Алфа” полковник Нарзулло Наимов ва муовини раиси ҳизби демократ журналисти шинохта Аҳмадшоҳ Комилзода, ба ҳабс гирифта шуданд. Маълум нест, ки оё боздошти Шокирҷон Ҳакимзода ба ин силсилаи боздоштҳо рабт дорад ё алоҳида аз онҳост?

Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов 19 апрели соли 1966 дар Конибодом ба дунё омада, 4 фарзанд дорад. Шокирҷон Ҳакимов соли 1990 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1998 то 2002 аспиранти Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ ва аз соли 2005 то 2009 докторанти Пажуҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва рисолаҳои ҳам номзадиву ҳам докториашро дар Маскав ҳимоя кардааст. Шокирҷон Ҳакимов соли 2006 дар Доншикаи технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сазовори унвони профессор шуда буд. Ин донишгоҳро баъдан барҳам доданд.

Шокирҷон Ҳакимов муаллифи беш аз 90 асари илмӣ, аз ҷумла 15 монографияву китобҳои дарсӣ пиромуни улуми ҳуқуқ  ва сиёсатшиносист.

Шокирҷон Ҳакимов ҳамроҳ бо Раҳматуллоҳ Зойиров яке аз асосгузорони ҳизби мухолифи сотсиал –демократи Тоҷикистон ва муовини Зоиров дар ин ҳизб буд. Ӯро як вориси эҳтимолии Зойиров дар мақоми раҳбари ҲСДТ мешумурданд, вале Зойиров курсиашро на ба Ҳакимов, балки ба сурати ғайриинтизор ба Қиёмиддин Азизов супурд ва ин тасмимашро шарҳ надод. Баъди истеъфо додану аз сиёсат канор рафтани Зойиров, ҳизби сотсиал –демократ амалан аз фаъолият бозмонд.  Раҳматулло Зойиров 18 майи соли 2024 дар синни 66 аз дунё гузашт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button