5 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ ДУ ЗАНУ ЯК КӮДАК ВА ЗИНДА МОНДАНИ ЯК КӮДАКИ ДИГАР ДАР САДАМАИ МУДҲИШ ДАР АЙНӢ
Дастаи махсуси наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар водии Зарафшон хабар дод, ки нимаи дуюми санаи 17 июли соли 2024 дар як садамаи мудҳиш дар ноҳияи Айнӣ бар асари ба чуқурии тақрибан 150 – 180 метр чаппа шудани як мошини таҳти идораи ронандаи зан ронанда ва як зани мусофираш бо як кӯдак дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Як кӯдаки дигар ба таври мӯъҷизавӣ дар ин садамаи мудҳиш зинда мондааст.
Бино ба иттилои наҷотдиҳон, рӯзи 17 июл, тахминан соати 18:20, ба навбатдори дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд дар водии Зарафшон аз тарафи сардори бахши ҳолатхои фавқулоддаи нохияи Айнӣ хабар дода шуд, ки дар километри 122-юми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди мавзеи Оби Хуиҷи ноҳияи Айнӣ садама рух додааст.
Наҷотдиҳон ба ҷои ҳодиса расида, маълум кардаанл, ки ронандаи мошини тамғаи “Ҳундай Аванта” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва мошин ба дарёи Фондарё, ба чуқурии тақрибан 150-180 метр сарозер шудааст. Дар дохили мошин 2 зан ва 2 кӯдак будаанд. 3 нафари онҳо ҳангоми сарозер гаштани мошин аз дохили он ба берун афтида, ба ҳалокат расидаанд. Наҷотдиҳандагон бо ёрии кормандони ширкати IRS бо таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ва ғаввосӣ ба лаби дарё фаромада, 1 нафар кӯдакро зинда аз лаби дарё бароварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол доданд. Наҷотдеҳон ҳамчунин ҷасадҳои ду зану як кӯдаки ҳалокшударо аз лаби дарёи Фондарё бароварда, низ ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол доданд.
Наҷотдиҳандагон дар пайи ин садамаи пурқурбонӣ аз ҳамаи ронандагон ва мусофирон хостаанд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд ва ба саросемагӣ роҳ надиҳанд, чунки онҳоро дар хона азизонашон мунтазиранд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 17 июли соли 2024, тахминан соати 08:00, як зани 52-солаи сокини деҳаи Пахтаободи ноҳияи Шаҳритӯс ҳангоми ҳаракат бо мотосикл ҳамроҳи набераи дусолааш дар ҳудуди деҳаи Заркамари ноҳияи Қубодиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонистааст ва мотосикл аз роҳ баромада, ба канали Қабла чаппа шудааст. Дар натиҷаи садама, набераи ин зан ғарқ шудааст.
Ҷустуҷӯи ҷасад давоми рӯзи 17 июл натиҷа надод ва аз субҳи 18 июл аз сар гирифта шуд.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчунин хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 17 июл, соати 16:40, наҷотбахшон ҳамроҳи сокинони ноҳияи Шаҳринав ҷасади як сокини 11-солаи деҳаи Роҳи Нави ҷамоати Истиқлоли ин ноҳияро тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо карда, аз об берун кашиданд. Ин кӯдак рӯзи 16 июл дар канали калони Ҳисор ғарқ шуда буд.