ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

4 КУШТА ДАР 4 САДАМАИ ШОМУ ШАБИ 15 ИЮЛ ДАР ПАНҶАКЕНТУ ҲИСОР ВА ҚУМСАНГИР

Шоми 15-уми июли соли 2024, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Мерседенс-Бенс-Е350», Каримов Самиршоҳ Эркинович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Айнӣ-Панҷакент», дар ҳудуди деҳаи Дашти Маллаи ҷамоати деҳоти Сӯчинаи шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Кӯчбойзода Икромҷон, соли таваллудаш 2018, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Кӯчбойзода И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Шаби 15-уми июли соли 2024, тахминан соати 23:30, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Қурбонов Комрон Фазлиддинович, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор ҳангоми расидан ба шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада бо қисми пеши мошин пиёдагард Нуров Сафаралӣ Қурбонович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Нуров С.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Нимашаби 15-уми июли соли 2024, тахминан соати 02:30, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Рустамов Латифҷон Отамуродович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳринав ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Одинаев Абдураззоқ, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Одинаев А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам шоми 15-уми июли соли 2024, тахминан соати 20:50, ронандаи мототсикли тамғаи “Тойота”, Зарипов Маҳмадрасул Раҷабович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Панҷи-Поён-Душанбе”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қумсангир аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, дучархарон Ахмедов Нозимҷон Акбархонович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, дучархарон Ахмедов Н.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button