ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК ЗАН ВА ДУ КӮДАК БАР АСАРИ БА ДАРЁИ ЁҚСӮ ЧАППА ШУДАНИ МОШИН ДАР ХОВАЛИНГ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 16 июли соли 2024

Сарозер шудани автомашина ба дарёи Ёқсу

12

14-уми июли соли 2024, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ҳундай-Элантра”, Атоев Нурмуҳамад Мақсудович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи канори роҳ рафта, ба чуқурии 6 метр ба сангоби дарёи Ёқсу сарозер шудааст.

Дар натиҷа, Муддинова Дунёбегим Файзуллоевна, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи мазкур аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин 2 фарзанди хурдсоли ронандаи мошин Мақсудҷонзода Аҳмадҷон Нурмуҳаммад, соли таваллудаш 2022 ва Мақсудҷонзода Абдураҳмон Нурмуҳаммад, соли таваллудаш 2023, сокинони ноҳияи Ховалинг дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Се нафар мусофирони автомашинаи мазкур ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Аз худ намудани маблағҳои пулӣ бо фиребгарӣ

28

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 36-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ворид гардидааст, ки 12-уми марти соли 2024, марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур ҳангоми дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 540 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ онҳоро бармегардонад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 45-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 14-уми декабри соли 2022, зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариш даромада, барои харидорӣ намудани хонаи истиқоматӣ аз ӯ маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол онҳоро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани нафарони гумонбар ба дуздӣ

062

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 13-ум ба 14-уми июли соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба маркази бозиҳои компютериаш даромада, аз онҷо 2-адад таҷҳизоти “Сони-5” бо 5-адад фитта ва 1-адад ноутбукро, ки арзиши умумиашон 22 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ду ҷавони 18-солаи сокинони ноҳияи Ёвон содир намудаанд.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 13-уми июли соли 2024 ба мағозаи ӯ, воқеъ дар шаҳри Душанбе шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ даромада, аз он ҷо 35 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 34-солаи сокини шаҳри Ваҳдат содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button