Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 16 июли соли 2024 аз ошкор шудани боз як мавриди гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор барои ба иҷора додани қитъаи замин хабар дод.
Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки мудири муассисаи давлатии “Хоҷагии ҷангали ба номи М.Худойназаров”-и ноҳияи Варзоб Қурбонов Р.Ш. зимни фаъолияти кориаш моҳи майи соли 2024 аз шаҳрванд А.О. барои аз ҳисоби заминҳои чарогоҳи ҳамин муассиса ба муҳлати 20 сол ба иҷора додани 200 га қитъаи замин маблағи 20 ҳазор сомонӣ, баробари тақрибан 1800 долларро ба сифати пора талаб намуда, худи ҳамон вақт дар ду маврид ҷамъ маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 900 долларро гирифтааст.
Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия меафзояд: “Дар ин асно, аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ – тафтишотӣ таъсис дода шуда, бо гузаронидани чорабиниҳои дахлдор Қурбонов Р.Ш. баъди иловатан гирифтани маблағи 10000 сомонӣ аз шаҳрванд А.О. дар утоқи кории худ дастгир гардида, далелҳои шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд”.
Худи Қурбонов ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.
Агентӣ гуфт, дар робита ба ҳолати мазкур нисбат ба Қурбонов Р.Ш. бар асоси моддаи 319, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст. Ба мансабдори ҳамакнун собиқ бар асоси ин банди қонун барои гирифтани пора ҳамчун ҷазо ҷаримаи ҳангуфт ба андозаи аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 72 сомонӣ, ё тақрибан 6,5 долларро ташкил медиҳад.
Ҷудо кардани қитъаҳои замин, чӣ барои сохтмони манзил ва чӣ бо мақсадҳои тиҷоративу соҳибкорӣ, дар Тоҷикистони аҳолиаш бо суръати рекордӣ рӯзафзун ба яке аз арсаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст ва қариб ҳар моҳ дар бораи боздошти чандин мансабдори маҳаллӣ, асосан кормандони масъули ҷамоатҳо ва кумитаҳои замин хабарҳо ба даст мерасанд.
Аз ҷумла моҳи апрели соли 2024 мақомоти Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноятӣ бо иттиҳоми заминфурӯшӣ ба зидди раиси Кумитаи замини шаҳри Кӯлоб, раиси кумитаи замин ва раиси ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон, як корманди кумитаи замини шаҳри Ҳисор ва мудири шуъбаи шаҳрдории Исфара хабар доданд.
Ба ин мансабдорон барои порахӯрӣ ё ҷарима ваё ҳукми зиндон таҳдид мекунад, вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони барои ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст афтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ раҳо ёфта, зиндонӣ намешаванд. Бовар меравад, ки ин ҳукмҳои сабук дар ивази пораҳои гарон ба даст меоянд. Аммо чунин сурати ҳол, ба ақидаи нозирони умур, мансабдорони дигари дасташон қалбро ба идомаи амалҳои коррупсионӣ ташвиқ карда, ба онҳо эҳсоси боварӣ медиҳад, ки ҳатто дар сурати ба даст афтодан метавонанд мисли дигар мансабдорон “ягон сӯм дода, халос шаванд”.