ТРАМП РАСМАН НОМЗАДИ ҶУМҲУРИХОҲОН БА ПРЕЗИДЕНТИИ АМРИКО ШУД

Анҷумани миллии ҳизби ҷумҳурихоҳон, яке аз ду ҳизби аз ҳама бузурги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар шаҳри Милуокии аёлати Висконсин доир шуд, рӯзи 15 июли соли 2024 расман миллиардери 78-солаи худбин Доналд Трампро номзади худ ба президентии абарқудрати бузургтарини дунёи муосир эълон кард. Интихоботи президенти Амрико моҳи ноябри соли 2024 баргузор мешавад.
Трамп алакай исми номзад ба ноибии раисиҷумҳурро эълон кард. Ӯ ҳамчун муовини худ сенатори 39-сола аз аёлати Оҳайо Ҷеймс Дэвид Вэнсро, ки баъди нашри китоби ёддоштҳояш бо номи “Достони рустоӣ” ном баровард, интихоб кардааст. Ҷолиб он аст, ки соли 2016, дар нахустин корзори Трамп барои президентӣ Вэнс аз мухолифони сарсахти номзадии ӯ буд ва Трампро ҳатто “Ҳитлери Амрико” ном бурда буд. Аммо баъдан Вэнс ба яке аз тарафдорони Трамп табдил шуд. Вэнс мисли Трамп мухолифи кумаки ҳарбӣ ба Украина ва тарафдори ба ҳалли мушкилоти худаш машғул шудани Амрикост ва ӯро аз ҳоло номзади асосии ҷумҳурихоҳон ба президентии Амрико дар интихоботи оянда, ки соли 2028 доир мешавад, ном мебаранд.
Ҳузури Трамп дар анҷумани ҷумҳурихоҳон дар Милуоки нахустин зуҳури ӯ дар маҳзари ом дар пайи сӯиқасди мусаллаҳона ба ҷонаш буд, ки рӯзи 13 июл дар шаҳри Батлери аёлати Пенсилвания сурат гирифта, як кушта ва ду захмӣ ба ҷо гузошт. Худи Трамп дар он сӯиқасд аз гӯшаш тир хӯрд ва гуфта мешуд, ки агар тир ҳамагӣ чанд миллиметр хато мехӯрд, метавонист ба сари Трамп бизанад. Афсарони Хадамоти махфии Амрико, ки ҳифозати номзади ҷумҳурихоҳон ба президентиро ба уҳда доштанд, бо тирандозии ҷавобӣ тирандозро, ки сокини 20-солаи маҳаллӣ Томас Мэттю Крукс будааст, куштанд. Ангезаи ҳамлаи ӯ ба Трамп номаълум боқӣ монд.
Трамп рӯзи 15 июл дар анҷумани ҷумҳурихоҳон бо гӯши захмии докапеч зоҳир шуд ва дасташро мисли рӯзи сӯиқасд мушт карда, ба ҳаво бардошт.
Интихоби Джеймс Вэнс ба ҳайси номзад ба ноибии Трампро ба кӯшиши ба тарафи худ гардондани коргарони сафедпӯсте рабт медиҳанд, ки соли 2016 ба Трамп овози кам доданд. Трамп зоҳиран бо кумаки Вэнс мехоҳад овоздиҳиро дар аёлатҳои саноатие, чун Пенсилвания, Мичиган ва Висконсин бибарад.

Вэнс 39 сол дошта, хатмкардаи донишгоҳи муътабари Йел аст. Ӯ соли 2016 Трампро бо ибораҳои хеле тунд интиқод мекард ва аз ҷумла мегуфт: “Ӯ ба ман ҳеҷ маъқул нест, ман ҳамеша зидди ӯям”, “Худоё, ӯ чӣ қадар аблаҳ аст!”, “Ба назарам мисли малъун менамояд”. Вэнс ҳамчунин дар як мукотиба дар Фейсбук ба як сенатор навишта буд ки: “Ман баъзе вақт фикр мекунам, ки Трамп як худбин аст, баъзе вақт фикр мекунам, ки ӯ Ҳитлери Амрикост”.
Албатта, демократҳо ин интиқодҳои қаблии Вэнсро дар корзори зидди онҳо истифода хоҳанд бурд, вале ин ҳам гуфтанист, ки Вэнс ба тадриҷ ба яке аз тарафдорони Трамп табдил ёфт ва ин нукта якҷо бо таъсиру нуфузи сиёсие, ки Вэнс ба даст овардааст, боис шуда, то ки Трамп маҳз ӯро ба ҳайси ноиби худ интихоб кунад.
Бино ба арзёбии хабаргузории Reuters, дидгоҳиВэнс ва Трамп дар масоили сиёсатҳои дохилию хориҷӣ ва иқтисодӣ хеле наздик аст: онҳо ҳарду инзивоъгаро ва популистанд.
Вэнс аз ҷумлаи он вакилони ҷумҳурихоҳи Конгресс буд, ки дар поёни соли 2023 ва аввали соли 2024 сабабгори ба таъхир афтодани бастаҳои нави кумакҳои ҳарбӣ ба Украина шуданд Вэнс ёрии ҳарбӣ ба Украина барои муқобилааш ба ҷанги Русияро ба сӯди Амрико намешуморад ва дар айни замон тарафдори таҳкими марзҳои ҷанубии Амрико ба хотири муқобила бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҳам тарафдори тамаркузи бештар ба масъалаи мухолифати Амрико бо Хитой аст.
Ҳизби демократ, рақиби асосии ҷумҳурихоҳон дар тамоми интихоботҳои Амрико, анҷуманашро моҳи август дар Чикаго дар як вазъияти барояш хеле ҳассос доир мекунад. Номзади асосии демократҳо Ҷо Байден солхӯрда буда, моҳи ноябр ба синни 82 мерасад. Ӯ вақтҳои охир ҳуши худро аз даст дода, дар суханрониҳояш ба иштибоҳҳои ҷиддие роҳ медиҳад. Байден аз ҷумла президенти Украина Владимир Зеленскийро ҳамчун … Владимир Путин муаррифӣ карда, ноиби худаш Камилла Ҳаррисро … Трамп ном бурд ва дар баҳси ахири телевизионӣ бо Трамп чунон шикаст хӯрд, ки бисёре аз демократҳо дигар ба шонси Байден барои пирӯзӣ бар Трамп чандон бовар надоранд ва аз ӯ тақозо карда истодаанд, то номзадиашро бигирад. Вале маълум нест, ки дар чунин сурат оё демократҳо дар ҳамагӣ 3 моҳе, ки то интихобот боқӣ мемонад, чӣ гуна метавонанд номзади нави худро ба ҷомиа ба қадри кофӣ муаррифӣ ва таблиғ кунанд?

