
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон рӯзи 16 июли соли 2024 бо нашри як вокуниши расмӣ хабар дод, ки Рӯзигул Ёраҳмадова, духтари калонии овозхони маъруф Сурайё Қосимоваро барои вайрон кардани қонуни танзим ва роҳ додан ба “исрофкорӣ ва худнамоишдиҳӣ” дар маросими хонадоршавии писараш барои “суҳбат бо намояндаи мақоми ваколатдор” даъват карда шуд. Кумитаи дин ёдовар шуд, ки қудошавандаи Рӯзигул Ёраҳмадова низ барои вайрон кардани қонуни танзим ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 15 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки шаҳрванд Ширинзода Раҷабалӣ Камол, сокини 66-солаи кӯчаи Носири Хусрави пойтахтро барои баргузории маъракаи пурдабдаба дар фотиҳатӯйи духтараш протокол кардаанд. Сухан дар бораи генерали як замон пурнуфуз Раҷаби Ширин меравад, ки дар замонаш сардори пулиси андози Тоҷикистон ва баъдан то соли 2015 муовини раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия буд.
Баъдан маълум шуд ки генерал Раҷаби Ширин бо духтари калонии Сурайёи Қосим қудо шудааст.
Матни вокуниши расмии Кумитаи дин ба сурати зайл аст:
“Ахиран тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он шаҳрванд Ёраҳмадова Рӯзигул Назирмадовна (яке аз фарзандони ҳунарманди шинохта Сурайё Қосимова) дар маросими хонадоршавии писараш берун аз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амал карда, ба исрофкорӣ ва худнамоишдиҳӣ даст мезанад.
Вобаста ба ҳолати мазкур рӯзи 16 уми июли соли равон шаҳрванд Ёраҳмадова Рӯзигул барои суҳбат бо намояндаи мақоми ваколатдор (Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим) даъват карда шуд. Номбурда бо дарки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ин кардаи худ изҳори пушаймонӣ намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки тибқи моддаи 12, банди 2- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қудошавандаи Ёраҳмадова Рӯзигул низ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки мувофиқи моддаи 12, банди 2- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкили маъракаҳои фотиҳаи тўй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рўйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арўс ва маъракаҳои дигари бо тўйи домодию арўсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арўс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд”.
Чунин ба назар мерасад, ки мақомот дар мавриди духтари Сурайёи Қосим танҳо бо “суҳбат” иктифо кардаанд, вале ба қудои ӯ Раҷабалӣ Ширинзода ҷарима ба андозаи 120 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 8 ҳазору 640 сомонӣ, ё наздики 800 доллар таҳдид мекунад.
Генерал Раҷаби Ширин дар солҳои 90 раиси пулиси андози Тоҷикистон ва сипас солҳои муовини раҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон буд. Ӯ моҳи феврали соли 2015 аз вазифа барканор карда шуд.
Сурайёи Қосим 4 фарзанд: 3 духтар ва як писар дошт. Писари ягонаи ӯ Эмомалиҷон чанд сол пеш аз бемории саратон дар синни ҳамагӣ 16 ҷавонмарг шуд. Ду духтари Сурайёи Қосим: Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед пешаи ӯро идома доданд ва ҳоло аз овозхонҳои саршиноси эстрадаи тоҷик дониста мешаванд. Аммо духтари калонии ӯ Рӯзигул хонашин буда, ба тарбияи фарзандони худ машғул аст ва аз маҳзари ом комилан дур мебошад.