ВидеоСиёсатТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МОДАРИ СИЁСАТМАДОР ВА ҲУҚУҚДОНИ ШИНОХТА ШОКИРҶОН ҲАКИМОВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Ҳамрохон Ҳакимова, модари ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик Шокирҷон Ҳакимов рӯзи 16 июли соли 2024 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд аз олам чашм пӯшид. Ӯ 86 сол дошт. Яке аз наздикони хонаводаи Ҳакимовҳо ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки маросими намози ҷаноза ва дафни Ҳамрохон Ҳакимова рӯзи 16 июл, соати 18:00, дар қабристони Тангаки шаҳри Конибодом баргузор мешавад.

Ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт, Ҳамрохон Ҳакимова солҳои тӯлонӣ дар соҳаи тибби шаҳри Конибодом кор карда, модари серфарзанд низ буд. Фарзандони аз ҳама шинохтаи ӯ доктори улуми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов ва бародарони ӯ Зокирҷон ва Ғафурҷон Ҳакимовҳо мебошанд.

Шокирҷон Ҳакимов 19 апрели соли 1966 дар Конибодом ба дунё омада, 4 фарзанд дорад. Шокирҷон Ҳакимов соли 1990 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ва соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1998 то 2002 аспиранти Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ ва аз соли 2005 то 2009 докторанти Пажуҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва рисолаҳои ҳам номзадиву ҳам докториашро дар Маскав ҳимоя кардааст. Шокирҷон Ҳакимов соли 2006 дар Доншикаи технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сазовори унвони профессор шуда буд. Ин донишгоҳро баъдан барҳам доданд.

Шокирҷон Ҳакимов муаллифи беш аз 90 асари илмӣ, аз ҷумла 15 монографияву китобҳои дарсӣ пиромуни улуми ҳуқуқ  ва сиёсатшиносист.

Шокирҷон Ҳакимов ҳамроҳ бо Раҳматуллоҳ Зойиров яке аз асосгузорони ҳизби мухолифи сотсиал –демократи Тоҷикистон ва муовини Зоиров дар ин ҳизб буд. Баъди аз раҳбарии ҳизб истеъфо додану аз сиёсат канор рафтани Зойиров, ҳизби сотсиал –демократ амалан аз фаъолият бозмонд. Раҳматулло Зойиров 18 майи соли 2024 дар синни 66 аз дунё гузашт.

Шокирҷон Ҳакимов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button