ҶАВОНЕРО КОРД ЗАДАНИ ЯК ЗАН ДАР ХУҶАНД, 3 САДАМАИ МАРГОВАР ВА ДУЗДИИ 24 ТОННА КУНҶОРА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 15 июли соли 2024
Рух додани се ҳодисаи нақлиётии марговар дар як рӯз

13-уми июли соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа-Оптима», Ҳакимов Навруз Уктамович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи М.Қурбонови пойтахт Шаҳзоди Ҷамшед, соли таваллудаш 2020, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
13-уми июли соли 2024, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиело», Турабоев Ҷумабой, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Истаравшан дар километри 251-уми шоҳроҳи «Душанбе-Чанок-Хуҷанд», воқеъ дар ҳудуди деҳаи Даштикони ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич ҳангоми ба сабқат баромадан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Боймуродов Қосим, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Деваштич, ки ба тарафи чап гардиш мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиело» Турабоев Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
13-уми июли соли 2024, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шакман”, Зокиров Абдусамад Набиҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Дарвоз ба самти ноҳияи Ш.Шоҳин, дар мавзеи Яхшупин аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз баландии 45 метр сарозер шуда, ба дарёи Панҷ афтидааст.
Дар натиҷа, автомашина ва ронанда бе ному нишон гардидаанд.
Барои дарёфти ронанда ва автомашина чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Дастгир гардидани ҷавонзани 24-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 3-юми июли соли 2024, тахминан соати 03:00, ҳангоми дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш бинобар ба миён омадани муносибати оштинопазирӣ бо ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд баҳсу муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қисмати шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Боздошти марди 33-сола бо ҷурми дуздӣ аз корхона

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, корманди ҶДММ «Зуҳал-Тиҷорат»-и ноҳияи Зафаробод бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз 23-юми июн то 11-уми июли соли 2024 дар ҷойи кораш бо мақсади дуздӣ ва ба даст овардани фоидаи муфт, тавассути якчанд адад автомашинаҳои боркаш дар 6 давра аз анбори корхонаи мазкур ба миқдори зиёда аз 24 тонна маҳсулоти хӯрокаи чорвои навъи «кунҷора»-ро тасарруф намудааст.
Зарари расонидашуда 150 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

