Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 15 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки шаҳрванд Ширинзода Раҷабалӣ Камол, сокини 66-солаи кӯчаи Носири Хусрави пойтахтро барои баргузории маъракаи пурдабдаба дар фотиҳатӯйи духтараш протокол кардаанд. Сухан дар бораи генерали як замон пурнуфуз Раҷаби Ширин меравад, ки дар замонаш сардори пулиси андози Тоҷикистон ва баъдан то соли 2015 муовини раҳбари Агентии мубориза бо коррупсия буд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти милитсияи Душанбе, санаи 13-уми июли соли ҷорӣ, шаҳрванд Ширинзода Раҷабалӣ Камол, санаи таваллудаш 07.01.1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Н.Хусрави шаҳри Душанбе, ба муносибати оиладоршавии духтараш маъракаи «фотиҳатӯй» бо иштироки хешу таборон ва тақдими тӯҳфаҳо баргузор намуд.
Милитсия дар гузоришаш гуфт: “Номбурда бо ин кирдораш талаботи моддаи 12 қисми 2 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон, аз ҷониби хешовандони соҳибмаърака бо мақсади худнамоӣ рафти баргузории «фотиҳатӯй» ба навор гирифта шуда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда шудааст, ки ин амали онҳо боиси эроду вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид”.
Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ширинзода Раҷабалӣ тибқи талаботи моддаи 481 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст.
Тибқи қисми дуюми моддаи 10 қонуни танзими ҷашну маросим, ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.
Бар асоси қисми дуюми моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамчун ҷазо барои гузарондани маъракаҳои манъшуда ба шахсони воқеӣ ба андозаи 120 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 8 ҳазору 640 сомонӣ, ё наздики 800 доллар ва ба шахсони мансабдор ба андозаи 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне баробари 25 ҳазору 200 сомонӣ, ё ҳудуди 2300 доллар ҷарима таъин карда шудааст.
Генерал Раҷаби Ширин дар солҳои 90 раиси пулиси андози Тоҷикистон буд ва аз афроди хеле пурнуфуз ва сарватманди ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Ӯ сипас солҳои зиёде дар вазифаи муовини раҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон кор кард ва моҳи феврали соли 2015 аз вазифа барканор карда шуд.
Бори охир номи генерал Раҷаби Ширин соли 2018 дар робита ба қазияи писараш Бобоҷон Ширинзода, собиқ котиби Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, вирди забони расонаҳо шуд. Шаби 6 июни соли 2018, вақте ки Моҳира Ятимова, ҳамсари собиқи Бобоҷон Ятимов барои дидани ду фарзанди муштаракашон ба хонаи Шириновҳо дар маҳаллаи “Якум Советский” омад, байни ӯву шавҳари собиқаш муноқиша сар зад ва Бобоҷон Ширинов, ки он вақт 33 сол дошт, ҷоғи дугонаи ҳамсари собиқашро зада шикаста, худи Моҳира Ятимоваро бо беш аз 10 зарбаи корд кушт. Моҳи ноябри соли 2018 додгоҳи шаҳри Душанбе Бобоҷон Шириновро ба 18 соли зиндон маҳкум кард.