ФАРЗОНАИ ХУРШЕД ТӮЙ ШУД Ё ҶИЯНАШ? СУРАЙЁИ ҚОСИМ БО ГЕНЕРАЛ РАҶАБИ ШИРИН ҚУДО ШУДААСТ (ВИДЕО)

Хостаҳо, саҳифае дар Фейсбук, ки асосан ахбори марбут ба шоубизнеси тоҷикро пайгирӣ мекунад, рӯзи 15 июли соли 2024 хабар дод, ки овозхони шинохтаи тоҷик Сурайёи Қосим бо генерал Ширинзода Раҷабалӣ собиқ муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон қудо шудааст, вале маъракае, ки рӯзи 13 июл баргузор шуд, на тӯйи арӯсии духтари хурдии ҳунарманди маъруф Фарзонаи Хуршед буда, балки дар асл маросими марбут ба издивоҷи Амирҷон, набераи Сурайёи Қосим ва писари ягонаи духтари калонии ӯ Рӯзигул мебошад.
Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шуд, ки Фарзонаи Хуршед дар он наворҳо бо либосу чодари арӯсии тоҷикӣ зоҳир мешавад ва бисёриҳо дар бораи издивоҷи инак чоруми ин овозхон ҳадс заданд.
Ба гуфтаи манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Фарзонаи Хуршед дар ҳақиқат ахиран дигарбора шавҳар кард, вале сарусадои ахири бархоста дар гирди на тӯйи ӯ, балки, тавре ҳам ки саҳифаи “Хостаҳо” низ хабар дод, марбут ба тӯйи ҷиянаш Амирҷон буд. Гуфта мешавад, ки барои Амирҷон духтари генерал Раҷабалӣ Ширинзода, маъруф ба Раҷаби Ширинро фотиҳа кардаанд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 15 июли соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки шаҳрванд Ширинзода Раҷабалӣ Камол, сокини 66-солаи кӯчаи Носири Хусрави пойтахтро барои баргузории маъракаи пурдабдаба дар фотиҳатӯйи духтараш протокол кардаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти милитсияи Душанбе, санаи 13-уми июли соли ҷорӣ, шаҳрванд Ширинзода Раҷабалӣ Камол, санаи таваллудаш 07.01.1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Н.Хусрав ба муносибати оиладоршавии духтараш маъракаи «фотиҳатӯй» бо иштироки хешу таборон ва тақдими тӯҳфаҳо баргузор намуд.
Милитсия дар гузоришаш гуфт: “Номбурда бо ин кирдораш талаботи моддаи 12 қисми 2 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон, аз ҷониби хешовандони соҳибмаърака бо мақсади худнамоӣ рафти баргузории «фотиҳатӯй» ба навор гирифта шуда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда шудааст, ки ин амали онҳо боиси эроду вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид”.
Дар видеои нашркардаи милитсия лаҳзаи ба ин маърака ба хонаи Ширинзода омадани меҳмонон, аз ҷумла Сурайёи Қосим низ дида мешуд.
Худи Ширинзода ва қудои наваш Сурайёи Қосим ин қазияро то ҳол шарҳ надодаанд, вале азбаски қонуни танзим баргузории фотиҳатӯйро манъ кардааст, ба генерал акнун ҷарима ба андозаи 120 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 8 ҳазору 640 сомонӣ, ё наздики 800 доллар таҳдид мекунад.
Генерал Раҷаби Ширин дар солҳои 90 раиси пулиси андози Тоҷикистон ва сипас солҳои муовини раҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон буд. Ӯ моҳи феврали соли 2015 аз вазифа барканор карда шуд.
Сурайёи Қосим 4 фарзанд: 3 духтар ва як писар дошт. Писари ягонаи ӯ Эмомалиҷон чанд сол пеш аз бемории саратон дар синни ҳамагӣ 16 ҷавонмарг шуд. Ду духтари Сурайёи Қосим: Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед пешаи ӯро идома доданд ва ҳоло аз овозхонҳои саршиноси эстрадаи тоҷик дониста мешаванд. Аммо духтари калонии ӯ Рӯзигул хонашин буда, ба тарбияи фарзандони худ машғул аст ва аз маҳзари ом комилан дур мебошад.