7 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ МАРДИ СОКИНИ БОХТАР БАРОИ АЗ МӮЯШ КАШОЛА КАРДАНИ ЯК ҶАВОНЗАН
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабар дод, ки бар асоси санҷиши видеои дар Интернет нашршуда як марди чилсолаи сокини шаҳри Бохтарро барои дар боғи истироҳатии ин шаҳр аз мӯяш кашида, кашола кардани як ҷавонзан ба муҳлати 7 шабонарӯз ҳабс кардаанд.
Милитсияи Хатлон дар гузоришаш гуфт, новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва баргузории як қатор чорабиниҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон ҷиҳати пешгирии муноқиша ва ҳама гуна кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҳастанд боз нафароне, ки бо амалу кирдорҳои ношоям боиси озори дигарон, махсусан занону духтарон мешаванд.
Аз ҷумла кормандони милитсия дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, ки дар он дида мешуд, ки чӣ тавр як марди тахминан 35-40 сола дар дохили боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтар як занро латукӯб мекунад, ин мардро дастгир ва ба мақомот дастрас кардаанд.
Милитсияи Хатлон мегӯяд: “Тавре зимни санҷиш муайян карда шуд, нафари дар навор инъикосгардида шаҳрванд Тешаев Карим Зиёевич, санаи таваллудаш 08.09.1984, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Ваҳдат буда, бо рафтори авбошонаи худ ҷавонзани 36-солаи сокини шаҳри Бохтарро баъди таҳқиру дашном дар саҳни Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтар аз мӯи сараш кашола карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст”.
Худи Тешаев ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба ӯ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори додгоҳ ҳамчун ҷазо ба муҳлати 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъйин карда шуд.
Сабаби бо он ҷавонзан ҷанҷолу харшаха кардани ин сокини Бохтар рӯшан нест.