ДАРГУЗАШТИ ГЕНЕРАЛ ҒАЙРАТШО АДҲАМОВ – СОБИҚ ФАРМОНДЕҲИ МУХОЛИФИНИ ТОҶИК

Генерал-лейтенант Адҳамов Ғайратшо Сарҳадович, фармондеҳи собиқи мухолифин ва муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯзи 15 июли соли 2024 дар синни 66 аз олам чашм пӯшид. Ӯ дар ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) дар ҳоле тарки дунё кард, ки наздиконаш умед барои табобати генерал Ғайратшоро аз даст дода, тибқи васияташ, ҷисми бемори ӯро аз Душанбе ба зодгоҳаш, деҳаи Бедаки ноҳияи Панҷ дар ҷануби ҷумҳурӣ мебурданд, то дар хонаи падарӣ ҷон бидиҳад.
Маросими намози ҷанозаи марҳум субҳи 16 июл, соати 10 дар Бедак доир мешавад.
Яке аз хешовандони генерал Ғайратшо Адҳамов ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки ӯро тақрибан як моҳ пеш ба иллати хуруҷи дарди гурдаҳояш дар Душанбе дар бемористони “Якум Советский” бистарӣ карданд. Адҳамов солҳои зиёде аз дарди гурда азият мекашид. Аммо дар ин беморхона аҳволи ӯ хуб нашуд ва наздиконаш Ғайратшо Адҳамовро ба беморхонаи дигари пойтахт, маъруф ба “Медгородок”, ё “Шаҳраки тиббӣ” бурданд. Ҳангоми гузарондани диализ дар ин бемористон генерал Адҳамов дучори хунрезии мағзӣ шуд ва табибон эътироф карданд, ки дигар дар илоҷи дарди ӯ бечораанд.
“Аз ин рӯ, нимаи дуюми рӯзи 15 июл мо тибқи васияти генерал ӯро ба зодгоҳаш бурданӣ шудем, чунки ҳамеша мегуфт, ки мехоҳад дар зери боми хонаи падарӣ ҷон бидиҳад ва дар Бедак хок шавад. Аммо тақрибан соати 17, вақте мо ҳанӯз дар ними роҳ, дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) қарор доштем, акаи Ғайратшо то хонаи падарӣ норасида, ҷон дод”, – нақл кард ин хешованди марҳум.

Ғайратшо Сарҳадович Адҳамов 31 майи соли 1958 дар деҳаи Бедаки ноҳияи Панҷ, дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба дунё омадааст. Дар бораи зиндагии ӯ то ҷанги шаҳрвандӣ маълумоте дар даст нест, вале дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 Ғайратшо Адҳамов тавонист ба яке аз фармондеҳони саҳроии аз ҳама пуристеъдод ва амалан ба дасти рости фармондеҳи асосии Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик Мирзо Зиёев, маъруф ба Мирзо Ҷага, табдил шавад.
Бар асоси созишномаи сулҳи соли 1997, бояд курсии вазири мудофиа ба намояндаи мухолифин дода мешуд, вале ҳукумат аз иҷрои ин шарт саркашӣ кард ва бар асоси тавофуқи ҷадид, Мирзо Ҷага, ки аз номи мухолифин ба мақоми вазири мудофиа пешбарӣ шуда буд, ба курсии вазири ҳолатҳои фавқулодда нишасту фармондеҳи дигари мухолифин Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ки алакай раҳбарии ин вазоратро дар даст дошт, ба маснади раиси ширкати “Тоҷиккоммунсервис”, ки ду соҳаи пурдаромад: ЖКХ ва лӯлаҳои гази ҷумҳуриро дар ихтиёр дошт, гузашт.
Бар асоси ҳамин тавофуқ, Ғайратшо Адҳамов муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд ва дар ин мақом то поёни соли 2006 кор карда, аз соли 2007 то январи 2014 хидмати худро дар мақоми муовини вазири мудофиа идома дод.
Моҳи январи соли 2014 ӯро дар мақоми муовини вазир яке дигар аз фармондеҳони собиқи мухолифин Абдуҳалим Назаров, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим иваз кард, вале Ҳоҷӣ Ҳалимро алакай моҳи сентябри соли 2015 ба кӯшиши исёни мусаллаҳона айбдор карданд ва ӯ бо ҷамъе аз тарафдоронаш дар ҷараёни саркӯби ин исён дар дараи Ромит, яке аз пойгоҳҳои умдаи нирӯҳои мухолифин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуд.
Баъди тарки мақоми муовини вазир Ғайратшо Адҳамов чанд муддати дигар дар ихтиёри раёсати кадрҳои вазорати мудофиа қарор дошт, вале ба ягон мақоми дигар таъйин нашуд ва дар ниҳоят ба нафақа рафт.
Ғайратшо Адҳамовро аз фармондеҳони пуристеъдоди мухолифин мешумурданд ва бисёре аз пирӯзиҳои мухолифин дар майдонҳои ҷанги шаҳрвандӣ, бахусус дар ҷабҳаи Тавилдара, як ноҳияи хурд дари шарқи Тоҷикистонро, ки дар солҳои 90 ба пойгоҳи асосии мухолифин ва ба арсаи асосии ҷангҳо байни нирӯҳои ҳукумат ва оппозитсия табдил ёфта буд, ба номи ӯ рақам мезаданд.
Ғайратшо Адҳамов аз миёни фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин ягона нафаре буд, ки баъди пайвастан ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сазовори рутбаи баланди генерал-лейтенант шуд.


