ОДАМКУШӢ ДАР ВАРЗОБ, ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ХУРОСОНУ ШАҲРИСТОН ВА…

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 6 июли соли 2024
Ба ҳалокат расонидани марди 27-сола аз рӯи хусумати пешакӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 4-уми июли соли 2024, тахминан соати 22:20-дақиқа, бо ҳамсояаш марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур аз рӯи хусумати пешакӣ байни ҳамдигар ҷангу ҷанҷол намуда, дар натиҷа гумонбаршаванда кордчаро аз ҷайбаш бароварда, як маротиба ба қафаси сина ва як маротибаи дигар ба банди дасти ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, сипас ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар Хуросон ва Шаҳристон
Субҳи 4-уми июли соли 2024, тахминан соати 08:30, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Королла”, Воҳидов Ҷамшед Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Асомиддинов Муҳиддин Насруллоевич, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Хуросонро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Асомиддинов М.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам субҳи 4-уми июли соли 2024, тахминан соати 04:10, ронандаи мошини тамғаи «КИА К-5», Олимов Қудратулло Раҳматилло, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Хуросон, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд, дар мавзеи деҳаи Чашмасори ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ақиби мошини боркаши тамғаи «ДАФ», таҳти идораи Маҳкамов Асрор Ғафурҷонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи «КИА К-5», Олимов Қ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ду мусофири ӯ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Дастгир гардидани марди 37-сола бо ҷурми дуздии дучарха
Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 3-юми июли соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди мағозаи фурӯши нӯшокиҳо, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав як адад дучархаи тамғаи “Энерҷи”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани кирдори қаллобии марди 36-сола
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намудааст, ки 10-уми феврали соли 2023, марди 36-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худро соҳибкор муаррифӣ намуда, аз ӯ 90 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз хориҷи кишвар автомашина равон мекунад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.