ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

НОМЗАДИ ИСЛОҲТАЛАБОН МАСЪУД ПИЗИШКИЁН РАИСИҶУМҲУРИ ЭРОН ИНТИХОБ ШУД (ВИДЕО)

Дар даври дуюм ва ҳалкунандаи интихоботи пеш аз муҳлати раёсатҷумҳурии Эрон, ки рӯзи ҷумъа, 5 июли соли 2024 доир шуд, номзади 69-солаи ислоҳталабон ҷарроҳи қалб Масъуд Пизишкиён бо каси 3 миллион овози бештар бар рақиби 58-солааш аз ҷиноҳи усулгароёни муҳофизакор Саид Ҷалилӣ ғолиб омад ва президенти нӯҳуми Ҷумҳурии исломии Эрон интихоб шуд. Ин мақом дар Эрон баъди барандохтани ҳукумати шоҳии сулолаи Паҳлавиҳо дар натиҷаи инқилоби исломии соли 1979 таъсис ёфтааст.

Интихоботи пеш аз муҳлати раисиҷумҳур дар Эрон дар пайи рӯзи 19 майи соли 2024 дар натиҷаи суқути чархболаш дар наздикии марзи Эрону Озарбойҷон ба ҳалокат расидани раисиҷумҳурӣ қаблӣ Иброҳим Раисӣ баргузор карда шуд.

Дар Эрон масъулияти баргузории интихоботҳо ва шуморидани овозҳоро вазорати кишвар (вазорати корҳои дохилӣ) дар даст дорад. Бино ба омори ниҳоие, ки ин вазорат рӯзи шанбе, 6 июл эълон кард, дар даври дуюми овоздиҳӣ, Масъуд Пизишкиён 16 миллиону 384 ҳазор, ё 53,3 фоизи овозҳоро ба даст овардааст. Рақиби ӯ Саид Ҷалилӣ 13 миллиону 538 ҳазор овоз гирифтааст, ки ин 44,3 фоиз аз ҷамъи овозҳоро ташкил медиҳад.

Вазорати кишвари Эрон гуфт, “ба ин тартиб, Масъуд Пизишкиён раисиҷумҳур интихоб шуд”.

Пизишкиён баъд аз эъломи пирӯзиаш ба ҳаводорони худ изҳори сипос кард ва гуфт: “Чун банда на ҳизбе доштам, на пуштвонае, мардум ошиқона омаданд ва кӯмак карданд ва аз ҳамаи ин азизон қадрдон ҳастам”. Ӯ афзуд: “Онҳое ҳам, ки тарафдори мо набуданд, бародарони мо ҳастанд ва сари қудрат бо ҳам даъво мекунем, агар барои Худо бошад, даъво надорем. Инҳо ҳама моли ин мамлакат ҳастанд, аз ҳама барои эътило (шукуфоӣ)-и кишварамон бояд истифода кунем. Мо ба ҳама дасти дӯстӣ хоҳем дод“.

Ба интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон аз тақрибан 80 довталаб, ки дар байнашон афроди пурнуфузе, чун раисиҷумҳури собиқ Маҳмуди Аҳмадинажод ва раиси собиқи парлумон Алии Лориҷонӣ низ буданд, танҳо ба 6 номзад иҷозати иштирок дода шуд. 5 нафари онҳо аз ҷиноҳи усулгароён ва танҳо Пизишкиён аз ислоҳталабон намояндагӣ мекарданд. То рӯзи овоздиҳӣ – 28 июн – дар баргаҳо танҳо 4 номзад боқӣ монд ва ду довталаби дигар бо мақсади, ба гуфтаи худи онҳо, мунсаҷим кардани орои тарафдорони усулгароён ва роҳ надодан ба бозгашти ислоҳталабаон ба қудрат, яъне алорағми Пизишкиён, номзадии худро пас гирифтанд.

Дар даври аввал ягон нафар аз он 4 номзад натавонист беш аз 50% овоз ба даст биорад ва дар натиҷа, кор ба даври дуюм кашид. Ба даври дуюм ду номзаде, ки дар даври аввал овози бештар гирифтанд, роҳ ёфтанд. Пизишкиён дар даври аввал қариб 10,5 миллион, ё 42,45 фоизи овозҳоро ба даст оварда буд ва Саид Ҷалилӣ – қариб 9,5 миллион, ё 38,6 фоизи овозҳоро.

Азбаски бо вуҷуди дар даври аввал ҷои якумро гирифтани Пизишкиён, ҷамъи овозҳои бадастовардаи усулгароён дар маҷмӯъ аз ӯ бештар буд, бисёриҳо гумон доштанд, ки Саид Ҷалилӣ метавонад дар даври дуюм ин ҳама овозҳои тарафдорони муҳофизакоронро мунсаҷим сохта, бидуни мушкили ҷиддие ҳарифи ислоҳталабашро мағлуб мекунад. Вале натиҷа комилан баракс шуд: фарқи байни овозҳои Пизишкиён бо Ҷалилӣ қариб ба 3 миллион расид ва ин Ҷалилиро аз имкони расидан ба мақоми раҳбари ҳукумати Эрон маҳрум сохт.

Дар низоми сиёсии Ҷумҳурии исломии Эрон раисиҷумҳур (президент) асосан вазифаи раҳбарии мақомоти иҷроия, аз ҷумла раҳбарии ҳукуматро дар ихтиёр дошта, ҳамчунин Эронро дар нишастҳои гуногуни сарони давлатҳо намояндагӣ мекунад.  Қудрати асосӣ дар Эрон дар дасти раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, Шӯрои нигаҳбон, Шӯрои хибрагон ва боз чанд ниҳоди дигари ғайримунтахаби иборат аз рӯҳониёни мутанаффизи шиъа қарор дорад. Ин ниҳодҳо ҳама мустақиман ба оятулло Хоманаӣ итоат мекунанд, на ба президент. Чунин сохторҳои муҳим, чун артишу Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ҳамчунин қувваи қазоия низ хориҷ аз ихтиёри раисиҷумҳур ва ҳукумати ӯ қарор доранд ва низ мустақиман ба оятулло Хоманаӣ ҳисобот медиҳанд.

Масъуди Пизишкиён, ки аз рӯи ихтисос ҷарроҳи қалб аст ва то ду моҳи дигар ба синни 70 мерасад, 29 сентябри соли 1954 дар Табрез аз падари озарӣ ва модари курд ба дунё омадааст. Пизишкиён, бино ба тарҷумаи ҳолаш дар Википедиа, қории Қуръон буда, Наҷҳ-ул-балоға, як китоби умдаи мазҳаби шиъаро низ фаро гирифтааст. Ӯ дар даврони раёсати раисиҷумҳури ислоҳталаб Муҳаммади Хотамӣ ба майдони сиёсат омада, аз соли 1997 то 2021 дар мақоми муовини вазири ҳифзи сиҳҳат ва аз соли 2001 то 2025 ҳамчун вазири тандурустии Эрон ифои вазифа кард. Баъди аз қудрат рафтани ислоҳталабон Пизишкиён фаъолияти сиёсиашро ба ҳайси вакили парлумон идома дод ва вакили парлумони Эрон аз ҳавзаи Табрезу Оску ва Озаршаҳр буд.

Масъуд Пизишкиён дар ҷараёни корзори интихоботиаш аз пулиси ахлоқ барои шикори занону духтароне, ки ҳиҷобу сатрро риоя намекунанд, интиқод мекард ва ваъда медод, ки Эронро аз ҳолати инзивои байналмилалӣ берун хоҳад овард. Пизишкиён ҳамчунин ба музокироти созанда бо Ғарб бар сари барномаҳои ҳастаӣ даъват мекард. Дар натиҷаи муомилаи соли 2015 дар ивази қатъи барномаҳои ҳастаии Эрон Ғарб ваъда дода буд, ки ҳалқаи таҳримоти зидди Ҷумҳурии исломиро сабуктар мекунад, вале он муомила дар рӯи қоғаз иҷроношуда боқӣ мондааст.

Рақиби усулгарои ӯ Саид Ҷалилӣ тарафдори ҳифзи вазъияти мавҷудаи Эрон буд. Ҷалилӣ, ки раҳбари собиқи ҳайъати Эрон дар музокироти ҳастаӣ бо Ғарб буд, мухолифи аз сар гирифтани музокироти ин барномаҳо буд ва чунин мешуморид, ки муомилаи соли 2015 хатҳои қирмизеро, ки Эрон набояд убур мекард,  убур кардааст.

Ҳарчанд Пизишкиёнро ислоҳталаб мешуморанд, вале дар айни замон, ӯ ҳамеша садоқати мутлақаш ба раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаиро баён мекунад. Бархе нозирон бар инанд, ки Пизишкиён дар мақлмти раисиҷумҳур шояд даст ба бархе ислоҳоти зоҳирӣ бизанад в аз ҷумла шеваи бархӯрд бо мухолифини дохилиро сабуктар кунад, вале гумон аст, ки ба ислоҳоти ҷиддитару амиқтаре дар дохили Эрон ҷуръат ва иқдом кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button