БОЗДОШТИ КОРМАНДИ ҚАЛБАКИИ БДА, КИ ДАР ГИПРОЗЕМ РОНАНДАГОНРО “ҶАРИМА” МЕБАСТ (2 АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 6 июли соли 2024 дар бораи боздошти як нафари муттаҳам ба қаллобӣ хабар дод, ки дар кӯчаи Гипроземи пойтахти Тоҷикистон худро бардурӯғ корманди БДА муаррифӣ карда, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва рақамҳои мошинҳоро мегирифт ва дар ивазаш аз ронандагон пул талаб мекард. Дар аксҳои нашркарда милитсия дида мешавад, ки ҳангоми боздошт аз шаҳрванд Иброҳимов Азизулло Ҳасанович, санаи таваллудаш 1996, чанд рақами мошину чанд ҳуҷҷати ронандагӣ ва ҳамчунин як миқдор пул, аз ҷумла пулҳои 100-долларӣ пайдо кардаанд.
Маркази матбуоти милитсияи Душанбе дар иттилоияш гуфт, шаҳрванд Иброҳимов Азизулло Ҳасанович, санаи таваллудаш 1996 дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, ҳамчун гумонбар дар содир намудани якчанд далели ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Худи Иброҳимов барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи милитсия “номбурда, худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, дар кӯчаи Гипрозем бо роҳи фиреб ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёти шаҳрвандонро худсарона гирифта, бо ин роҳ аз ронандагон маблағҳои гуногуни пулӣ меситонидааст”.
Дар ҳоли ҳозир, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, вобаста ба ҳолатҳои мазкур, тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад. Ба Азизулло Иброҳимов бар асоси моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қаллобӣ ҷаримаи ҳангуфт ё то чанд соли зиндон таҳдид мекунад.
Тафсилоти дигари аъмоли ин шаҳрванд нашр нашудааст. Вале корбарон дар зери хабари боздошти Азизулло Иброҳимов навиштаанд, ки ӯро барои резондани обрӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҷазои сангин бидиҳанд.
Дар Тоҷикистон кормандони БДА-ро хеле фасодзада мешуморанд ва бар инанд, ки аксари кормандони ин ниҳод аз ронандагон рӯирост пул меситонанд. Зоҳиран ба ҳамин сабаб, вақле Азизулло Иброҳимов дар кӯчаи Гипрозем ҳамчун “корманди БДА” рақамҳои мошинҳо ва ҳуҷҷатҳои ронандагии онҳоро “барои протокол кардан” аз дасташон мегирифт, аксари ронандагон зудбоварона зуд даст ба ҷайб бурдаанд, то ки ягон сӯм дода, худро халос кунанд. Касе аз онҳо фикр накардааст, ки ҳуҷҷатҳои ин ба ном “корманди БДА”-ро бипурсад…

