ВАЗИРИ СОБИҚИ ТАНДУРУСТӢ НАСИМ ОЛИМЗОДА БАЪДИ ЯК ҲАФТА АЗ ҲАБС ОЗОД ШУДААСТ
Манбаъҳои пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз шаҳри Душанбе рӯзи 5 июли соли 2024 хабар доданд, ки Насим Хоҷа Олимзода, собиқ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва раиси Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, шоми 4 июл аз ҳабс озод шудааст.
“Аз 27 июн дар ҳабс қарор дошт. Шоми панҷшанбе озодаш карданд ва субҳи ҷумъа, 5 июл ба ҷои кораш дар Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология ҳозир шуд”, – хабар дод як манбаъ аз Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология. Аммо ин ҳамсуҳбати “Бомдод” аз сабаби боздошти вазири собиқ ва мушаххасан ба чӣ айбдор ё гумонбар шуданаш изҳори бехабарӣ кард ва танҳо гуфт, ки “ба шуниди ман, ҷаримаи калон шудааст. Барои чӣ? Ростӣ, намедонам”.
Қаблан ду манбаи гуногун, аз ҷумла яке аз хешовандони наздики Насим Олимзода ба “Бомдод” хабар доданд, ки ӯро дар поёни моҳи июн дастгир карданд. Хешованди наздики вазири собиқ бо тасдиқи хабари боздошти Олимзода дар мавриди ин ки Насим Олимзодаро бо чӣ иттиҳоме ва кадом ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ дастгир кардааст?, изҳори бехабарӣ кард ва танҳо гуфт, бино ба иттилое, ки ӯ дорад, ба парвандаи вазири собиқи тандурустӣ муҳри махфӣ задаанд.
Боздошти Насим Олимзода дар пасманзари дар тӯли моҳи июн бозҷӯӣ шудани даҳҳо тан аз мансабдорони дар гузашта дар баландпоя ва боздошти бархеи онҳо дар чорчӯби парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раҳбари собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон, сурат гирифт. Усмонзода рӯзи 12 июн бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” боздошт шуд.
Мақомот сарусадоҳо дар бораи бозҷӯиҳову боздоштҳоро то ҳол ягон бор шарҳ надодаанд, вале манобеи ғайрирасмӣ дар шумори дастгиршудагон дар пайванд ба парвандаи “ғасби ҳокимият” нафароне, чун собиқ иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон ва раиси Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров, вазири собиқи корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, муовини раиси Ҳизби демократ ва журналист Аҳмадшоҳ Комилзода, фармондеҳи собиқи “Алфа” полковник Нарзулло Наимовро ном мегиранд.
Аммо маълум нест, ки Насим Олимзода бо иттиҳоми даст доштан дар ягон ҷинояти коррупсионӣ дастгир шуда буд ваё дар бастагӣ ба парвандаи Усмонзода?
Доктори илмҳои тиб, профессор Насим Хоҷа Олимзода 20 августи соли 1964 ба дунё омада, соли 1988 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси табиби бемориҳои қалб (кардиолог) хатм кардааст. Насим Олимзода аз соли 1988 то 1995 дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб кор карда, солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Академияи баъдидипломии тиббии шаҳри Санкт-Петербурги Русия таҳсил кардааст. Ӯ рисолаи номзадиашро соли 1998 дар Петербург ва рисолаи докториашро соли 2009 дар Маскав ҳимоят кардааст.
Олимзода аз соли 1999 то 2014 ба ҳайси табибу, мудири бахши наҷот ва мудири кулли Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, як ниҳоди вобаста ба вазорати тандурустии Тоҷикистон ва мудири кафедраи кардиология бо курси фармакологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ кор кардааст.
Насим Олимзода аз моҳи апрели соли 2014 то 12 январи соли 2017 муовини вазир ва сипас то 4 майи соли 2020 вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ӯ моҳи майи соли 2020 дар рӯзҳои авҷи пандемияи коронавирус барканор гардид ва ба ҷои ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ таъйин шуд. Манобеи огоҳ барканории Олимзодаро ба камбудиҳои мавҷуда дар мубориза бо коронавирус рабт медоданд. Чанде баъд аз барканориаш Олимзода мудири Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология таъйин шуд, ҳарчанд бемориҳои меъда ба ихтисоси ӯ, ки кардиолог аст, рабти чандоне надорад.