ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

ТӮЙИ ПУРДАБДАБАИ ЯК МАНСАБДОР ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД (ВИДЕО)

Раиси ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Ҳомидҷон Усмониро барои дағалона вайрон намудани талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ҳангоми баргузории тӯйи адомодии писараш Ортиқов Мубинҷон протокол кардаанд ва ба ӯ ҷаримаи ҳангуфт таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи манобеъ дар ниҳодҳои масъули риояи қонуни танзим дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҳоҷӣ Ҳомидбой дар маросими ақди никоҳи писараш аз 10 мошини сабукрави қиматбаҳо истифода намудааст ва инчунин худи тӯйи домодӣ дар манзили истиқоматии Ҳомидҷон Усмонӣ ба ҷои 3 соати муқарраргардида 6 соат идома ёфтаааст. Гуфта мешавад, шумори меҳмонон низ тақрибан 500 нафарро ташкил додааст. Ин дар ҳолест ки қонуни танзим баргузории тӯйи домодиро бо даъвати танҳо то 150 меҳмон иҷозат медиҳад.

Дар сабти видеоие, ки нусхааш ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ки дар маросими тӯйи бошукӯҳи писари Ҳомидҷон Усмонӣ ҳунармандон Аҳрор Усмонов ва Бунёдбек Саидов аз Ӯзбекистон хидмат карда истодаанд.

Дар робита ба ин, нисбати Ҳомидҷон Усмонӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол гардидааст. Тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба гузарондани тӯйи домодию арӯсӣ, аз ҷумла риоя накардани шумораи даъватшудагон, вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим, ба шахсони воқеӣ ба андозаи 220 ва ба шахсони мансабдор ба андозаи 550 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Имсол як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ, ё тақрибан 6,5 долларро ташкил медиҳад. Яъне Ҳомидҷон Усмониро ба сабаби раҳбари корхона буданаш метавонанд ба маблағи 39 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима банданд.

Бар илова, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақозо карда буд, то мансабдороне, ки худашон ё наздиконашон ба вайрон кардани қонуни танзим роҳ медиҳанд, аз вазифа озод карда шаванд. Ҳомидҷон Усмонӣ бародари калонии Абдуҷалил Усмонӣ, раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Усмонӣ Абдуҷалил

Қонуни танзими расму ойин, ки соли 2007 қабул шуда, солҳои 2017 ва 2024 талаботаш боз ҳам шадидтар карда шуд, аз ҷумлаи қонунҳои аҷибулғариби қабулшуда дар Тоҷикистон аст, ки дар матбуоти байналмилалӣ ҳамеша ба боди масхара кашида мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ низ ин қонунро як аломати барҷастаи дахолати мақомот ба ҳарими ҳаёти шахсии мардум ва нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонии шаҳрвандони Тоҷикистон меноманд.

Аммо мақомот аз танзими тӯю маъракаҳои мардум ҳимоят карда, онро ба фоидаи мардум мешуморанд ва мегӯянд, ин қонун ба мардум имкон медиҳад, ки ба ҷои исрофи беҳуда дар тӯю маъракаҳо пулашонро сарфа карда, барои ягон камбудии дигари муҳимтари оилаашон, барои мисол, барои рафтан ба истироҳат ё пули таҳсили фарзандонашон харҷ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button