Дин ва боварҳоСиёсат

РӮЗИ 5 ИЮЛ ДАР МАСҶИДИ НАЗДИ МУФТИЁТ НАМОЗИ ҶУМЪА ДОИР НАШУД

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 5 июли соли 2024 бо нашри як эълон дар саҳифааш дар Фейсбук ба иттилои шаҳрвандон расонд, ки “бино бар сабабҳои узрнок имрӯз дар масҷиди ба номи Яъқуби Чархӣ, воқеъ дар кӯчаи Шодмонӣ-58 ноҳия И.Сомонӣ намози ҷумъа баргузор намегардад. Бино бар ин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки барои адои намози ҷумъа ба дигар масҷидҳои пойтахт ташриф оранд”.

Милитсияи Душанбе дар бораи сабабҳои доир нашудани намози ҷумъа дар масҷрди кӯҳнаи паҳлуи Маркази исломии Тоҷикистон (собиқ муфтиёт) ягон шарҳ надодааст, вале қарори маълум, рӯзи 5 июл дар маркази шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи биноҳои нави парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон дар ҳузури раҳбарони аввали Тоҷикистону Чин (Хитой) Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпинг доир мешавад ва нагузарондани намози ҷумъа ғолибан ба чораҳои амниятии марбут ба таъмини бехатарии ин маросим бастагӣ дорад.

Си Ҷинпинг шоми 4 июл бо як сафари давлатии дурӯза вориди Душанбе шуд. Якуним миллиард юан, ё беш аз 200 миллион доллар хароҷоти бунёди биноҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистонро Хитой ҳамчун кумаки билоиваз додааст ва сохтмони ин ду бинои муҳим дар маркази пойтахти Тоҷикистонро низ асосан ширкатҳои хитоӣ анҷом доданд.

Рӯзи 5 июл равуои нақлиёт тавассути бисёре аз роҳҳои марказии шаҳри Душанбе низ масдуд гардида,  дар фурӯшгоҳҳои бузурги пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла дар бозорҳои “Корвон” ва “Кӯшониён” ва маркази савдои “Садбарг” дар ин рӯз таътил эълон шудааст.

Боздиди Сӣ Ҷинпинг аз Тоҷикистон то 6 июл давом мекунад.

Қобили зикр аст, ки шоми 4 июл, тақрибан ҳамзамон бо раҳбари аввали Хитой дабири кулли Созмони Милал Антониу Гутерриш низ бо боздиди расмӣ ба Тоҷикистон омад.

https://www.flickr.com/photos/khadamotimatbuot/albums/72177720318477091/with/53835120166

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button