ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

БОЗДОШТИ МОДАРУ ДУХТАР ДАР ПАЙИ ЛАТТУКӮБИ ЗАНИ ҲАМСОЯ (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 5 июли соли 2024  дар бораи боздошти як ҷавонзан ва духтари ноболиғи ӯ дар пайи занозаниашон бо зани ҳамсоя  дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахти Тоҷикистон хабар дод. Видеои лаҳзаи занозании  шоми 4 июли онҳо дар рӯи ҳавлии як бинои истиқоматии баландошёна дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯри зиёдеро барангехт. Дар видео дида мешуд, ки як зан ва як духтар як зани дигарро зери мушту лагат гирифта, мезананд.

Милитсияи Душанбе бар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомдодааш хабар дод, ки санаи 4 июли соли ҷорӣ, тахминан соати 19:30 , дар кӯчаи Раҳмон Набиев, дар назди бинои истиқоматии №230, 3 нафар бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

Ҳамчун гумонбар, шаҳрванд Сафаралиева Сафаргул, санаи таваллудаш 09.09.1990 ва фарзанди ноболиғаш Набиева Зӯҳро, санаи таваллудаш 09.09.2010 дастгир карда шуданд.

Худи дастгиршудагон ё наздикони онҳо барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи милитсия, “зимни санҷиш муайян гардид, ки модару духтар Гулова Мадина, соли таваллудаш 01.08.1998-ро, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагонӣ мекунад, мавриди латукӯб қарор додаанд. Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки аз сабаби нофаҳмию муноқишаи кӯдакони ноболиғ, байни ин ду ҳамсоя солҳо боз хусумату бадбинӣ идома доштааст. Маҳз зимни бозӣ дар зери бинои истиқоматӣ бо ҳамдигар занозанӣ намудани кӯдакони ноболиғи онҳо, боиси сар задани муноқишаи ахир байни волидон гардид”.

Вобаста ба ҳодисаи мазкур нисбат ба Сафаралиева Сафаргул тибқи талаботи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Тафсилоти дигари ин қазия нашр нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button