ВидеоМуҳоҷиронҶомеа

ЯК ДУХТАРИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БАКОРАТАШРО БО НАРХИ 20 ҲАЗОР ДОЛЛАР БА ФУРӮШ МОНДААСТ

Як духтари 21-сола аз шаҳри Новосибирски Русия бакорати худро бо нархи 1 миллиону 700 ҳазор рубл, ё 20 ҳазор доллар ба фурӯш гузоштааст. Шабакаи “Вести.Новосибирск” хабар дод, ки ин духтар эълони фурӯши бакораташро дар сомонаи музоядаи байналмилалии First Night (“Шаби аввал”) нашр кардааст. Дар ин сомона духтарони бокира аз кишварҳои гуногун ҳаққи шаби аввали худро ба мардони сарватманд бо нархҳои гуногун мефурӯшанд.

Бино ба гузориши “Вести.Новосибирск”, аксҳо ва маълумоти ин духтар алакай аз ташхису таҳқиқ гузашта, тасдиқ шудааст. Ӯ зодаи Тоҷикистон буда, навиштааст, ки миёнаш 75 сантиметр, қисмати қафаси синааш 100 сантиметр ва қисмати ронҳояш 104 сантиметр буда, забони англисиро ҳам медонад ва метавонад бо нафаре, ки шаби аввали ӯро мехарад, ба англисӣ ҳам суҳбат орояд. Вале ӯ афзудааст, ки барои фурӯхтани бакораташ омода нест, ки ба хориҷ аз Русия сафар кунад.

 “Ман фелдшер мешавам. Сигор намекашам, машрубот истеъмол намекунам. Кор дар бемористонро ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ дӯст медорам. Ростӣ, хеле шармгинам ва духтари тозаам. Ман то ҳол бо касе ягон хел муносибат надоштам. Чеҳраву бадани зебо дорам. Ман духтари хубу хушбинам. Аспҳоро дӯст медорам. Зиндагӣ ва ин дунёро дӯст медорам. Умедворам, одами хубе ёфт хоҳад шуд, ки маро дард намедиҳад ва бо ман муносибати дуруст хоҳад кард”, – навиштааст ин духтари зодаи Тоҷикистон.

Соли 2021 як духтари 23-сола аз шаҳри Душанбе низ  бакорати худро дар ҳамин  музоядаи “Шаби аввал”  бо нархи 10 ҳазор доллар ба фурӯш гузошта буд.

 Ӯ дар шарҳи ин иқдоми худ ба журналистон гуфт, оилаашон дар вазъи душвори молиявӣ қарор дошта, қарздор шудаанд ва “аз ин роҳ мехоҳам оилаамонро аз қарз раҳо кунам”. Ин духтар ҳамчунин гуфт, барои гузаштан аз ташхисҳои тиббӣ, ки бакорати ӯро собит кунад, ҳозир аст, аммо ба шарте ки муштарӣ, харҷҳои ин гуна ташхисро низ пардохт кунад. Вале вай аз суҳбати бештар даст кашида, навишт, “танҳо бо муштариёни ҷиддие, ки омодаанд 10 ҳазор доллар ва харҷи сафари ӯро ба шаҳри Дубай ва ё  ба Туркия бидиҳанд, суҳбат хоҳад кард”.

Дар ҷомиаи муҳофизакори Тоҷикистон ҳифзи бакорат аз ҷумлаи талабҳои гузаштнопазир ба шумор меравад ва духтароне, ки бокира намебароянд, маъмулан баробари ошкор шудани нодухтариашон шармандавор аз хонаи домод ронда мешаванд. Дар ҷомиаи Тоҷикистон то издивоҷ аз даст додани бакоратро барои духтарон як амали хеле нангин мешуморанд.

Вале як ҷомиашиноси тоҷик, ки таъсири муҳоҷират ба арзишҳои суннатии тоҷиконро таҳқиқ мекунад, дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, раванди муҳоҷират ба ин масъала низ таъсири худро гузоштааст ва фарзандони муҳоҷирони тоҷик, ки дар кишварҳои дигар, аз ҷумла дар Русия ба воя мерасанд, назар ба он фарзандоне, ки дар Тоҷикистон ба воя мерасанд, ба арзишҳои суннативу оилавӣ назари фарқкунанда доранд.

 “Табиист, ки фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар як муҳити аз Тоҷикистон фарқкунанда ба камол расида, арзишҳоеро, ки волидони онҳо арҷ мегузоранд, каме дигар хел қабул мекунанд ваё ин арзишҳоро ё намепазиранд ваё чандон ҷиддӣ намегиранл. Ба ин гуна шакл гирифтани ҷаҳонбинии онҳо рафтори дӯстону дугонаҳои онҳо аз миллатҳои дигар низ таъсир мегузорад. Аз ин рӯ, бисёре аз муҳоҷирони тоҷик иқрор мешаванд, ки баъди ба воя расидани фарзандонашон дар мулки мусофират ба эътирозҳое аз тарафи ҷигарбандони худ дучор мешаванд, чунки онҳо намехоҳанд бо қоидаҳои роиҷ дар оилаи тоҷикӣ ва ҷомиаи тоҷикӣ зиндагӣ кунанд ва озодии бештару мустақилияти бештар талаб мекунанд. Аз ҷумла дар масъалаи марзҳои муайяншудаи муносибатҳои ишқӣ то рӯзи издивоҷ”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ бурдани номашро зарур нашумурд.

Ин ҷомиашиноси тоҷик аз чанд мавриде ёдовар шуд, ки духтарони дар мусофират ба воя расидаи муҳоҷирони тоҷик ҳатто ба нишони эътироз аз хонаи волидони худ фирор карда, аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ паноҳ пурсидаанд ва онҳоро моҳҳо дар паноҳгоҳҳои махсус нигоҳ медоштанд, то ки хешовандони хашмгинашон ин духтаронро пайдо карда, барои худсарӣ ҷазо надиҳанд.

Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз як то ду миллион зодаи Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Даҳҳо ҳазори онҳо ҳамроҳи аҳли оилаҳои худ ба Русия кӯч бастаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button