ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

СОЗМОНИ МИЛАЛ БОЗДОШТИ 4 ФАЪОЛИ БАДАХШОНРО “ХУДСАРОНА” НОМИД ВА ОЗОДИИ ОНҲОРО ТАЛАБ КАРД

Созмони Милали Муттаҳид боздошти 4 фаъол аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ҳамчун “боздоштҳои худсарона” эътироф кард ва хостори аз зиндон раҳо кардани ин 4 фаъол: Улфатхоним Мамадшоева, Сорбон Юноев, Фаромуз Иргашов ва Манучеҳр Холиқназаров шуд. Ҳамаи ин фаъолон соли 2022 дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои Бадахшон дастгир ва ба муҳлати аз 10 то 29 сол маҳкум ба зиндон шудаанд.

Азда ТВ, як пойгоҳи хабарии мустақар дар Аврупо рӯзи 3 июли соли 2024 хабар дод, ки гузориш дар бораи ин 4 фаъоли бадахшонӣ аз ҷониби Гурӯҳи корӣ дар мавриди боздоштҳои худсаронаи Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 99-уми ин ниҳод қабул ва дар сомонаи Созмони Милал дар ду ҳуҷҷат нашр шудааст.

Бино ба ин манбаъ, дар қарори ин гурӯҳ гуфта мешавад, ки боздошти рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева, соҳибкор ва фаъоли ҷомиаи шаҳрвандӣ аз ноҳияи Роштқалъа Сорбон Юноев, инчунин ҳуқуқшиносон Фаромӯз Иргашев ва Манучеҳр Холиқназаров хилофи талаботи “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, “Паймони ҳуқуқи кӯдак ва ҳуқуқи инсон”, “Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” ва “Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” буда, ба ин далел боздошти худсарона арзёбӣ мешавад.

Гурӯҳи кории СММ дар мавриди боздоштҳои худсарона аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, ки ин 4 нафарро фавран озод кунанд ва бар асоси қавонини байналмилалӣ ба онҳо ҳаққи ҷуброн ва дигар шаклҳои ҷубронпулиро фароҳам кунанд.

Ин гурӯҳ ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки тафтиши пурра ва мустақили вазъиятро, ки ба худсарона аз озодӣ маҳрум кардани ин шахсон овардааст, таъмин намояд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба хулосаи Гурӯҳи кории СММ вокуниш нишон надодааст. Аммо дар гузашта мақомоти Душанбе талабҳои қаблии ин гурӯҳро дар мавриди озод кардани чандин зиндонии сиёсии тоҷик, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳаит, Зайд Саидов, Сайидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Бузургмеҳр Ёров, Мақсуд Иброҳимов ва дигарон иҷро накарда буд. Дар Душанбе мегуфтанд, қонунгузории Тоҷикистон бар асоси тақозои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милал, иваз кардани ҳукмҳои содиркардаи додгоҳҳои ин кишварро аслан пешбинӣ намекунад. Бар илова, дар Душанбе исрор меварзиданд, ки гуноҳҳои ин нафароне, ки Созмони Милал озодиашонро талаб дорад, дар додгоҳ исбот шудааст ва ҳукмашон бознигарӣ нахоҳад шуд.

Бояд гуфт, фаъолони зодаи Бадахшон Улфатхоним Мамадшоева, Сорбон Юноев, Фаромӯз Иргашов ва Манучеҳр Холиқназаров пас аз тазоҳуроти осоиштаи мардуми ин вилоят ва қатли даҳҳо тан аз ҷониби Ҳукумат дар солҳои 2021-2022, боздошт гардиданд ва то имрӯз даҳҳо созмони байналмилаливу кишварҳои ғарбӣ озодии онҳоро талаб  доранд.

Моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон эътирозҳо дар Бадахшонро бо истифода аз нирӯҳои вижаи мусаллаҳ саркӯб карданд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо беш аз 30 нафар кушта шуданд. Дар пайи он ҳодисаҳо беш аз 200 тан аз зодагони Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Аз ҷумла дастикам 8 нафари онҳо ҳукми ҳабси абад гирифтанд.

Фаромӯз Иргашов ба 29 соли зиндон, Улфатхоним Мамадшоева ба 20 соли зиндон, Манучеҳр Холиқназаров ба 16 сол ва Сорбон Юноев ба 10 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Бигузор халқи тоҷик худаш худро озод кунад гуяд:

    “Худсарона” боздошт шудаанд, “чӣ-сарона” озод шаванд? Касе, ки худсарона боздошт шудааст, бо талаби ҳеч кас озод нахоҳад шуд, вагарна “гулҳои шукуфои диктатура аз иштибоҳи кардааш пажмурда хоҳад шуд”!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button