ПАХШИ ПИЁДАГАРДИ БЕМОР ДАР НАВОБОД ВА ҚАЛЛОБӢ БО 34 000 ДОЛЛАР ПУЛИ “БМВ”
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 3 июли соли 2024
Пахши пиёдагард дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навобод
1-уми июли соли 2024, тахминан соатҳои 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес”, Зокиров Илҳомҷон Қосимович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор пиёдагард Нематов Аъзам Ҳикматович, соли таваллудаш 1959, сокини шаҳри Ҳисорро, ки гирифтори бемории руҳӣ буд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Нематов А.Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба автомашинаи тамғаи «БМВ»
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 29 ва 31-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд. Гумонбаршавандагон 7-уми августи соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «БМВ»-ро ба маблағи 34 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонанд, аммо номбурдагон автомашинаи мазкурро фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.