ҶАСАДИ СОКИНИ ДАҲАНАИ ЧОРБОҒРО БАЪДИ ДУ МОҲИ ГУМ ШУДАНАШ ЁФТАНД

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки 3 июли соли 2024, соати 11:53, ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки дар он қисмати дарёи Душанбе, ки аз ҳудуди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 мегузарад, як ҷасад намудор шудааст.
Ба ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе фиристода шуданд. Онҳо ҷасадро аз об берун оварда, ба кормандони милитсия супурдаанд.
Маълум гардид, ки ин ҷасади як сокини 62-солаи деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб будааст. Ин марди солхӯрда рӯзи 5 майи соли 2024 ҳангоми чорвочаронӣ ба оби сел афтода, нопадид шуда буд.
Дар аввали моҳи май бар асари фурӯ рехтани селҳои шадид дар Тоҷикистон беш аз 10 нафар ғарқ шуданд. Селҳои нимаи аввали моҳи май харобиовартарин селҳо дар Тоҷикистон дар чанд соли охир дониста мешаванд.
Ҳоло ҳам, ки алакай фасли тобистон ба нисфи худ наздик мешавад, аз Тоҷикистон ҳамчунон дар бораи селҳои навбанав хабарҳо ба даст мерасанд. Мавҷи охирини селҳои харобиовар дар ҳафтаи ҷорӣ дар шарқи ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои кӯҳистонии водии Рашт мушоҳида шуд.
Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки рӯзҳои 3-5 июли соли 2024 дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, дар вилояти Суғд ва дар навоҳии ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад. Илова бар ин, рӯзҳои 1-3 июли соли 2024 дар як қатор навоҳии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бино бар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар аст.
Дар робита ба ин, Кумита аз сокинон хостааст, ки ба вижа дар вақти хокбориш ба беморони гирифтори бемориҳои қалбу раг, диабети қанд, диққинафас (астма) ва фишори баланди хун таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд. Аз сокинон ҳамчунин хоста шуда, ки хонаҳоро бо латтаи тар пок карда, дар сурати зарурат ниқобҳои тиббӣ бипӯшанд.
Ҳамчунин аз сокинони манотиқи селхез хоҳиш карда мешавад, ки сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд ва соҳилҳоро мустаҳкам гардонанд. Кумита аз сокинон даъват кардааст, ки ҳангоми анҷоми корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чаронидани чорво дар манотиқи доманакӯҳ ва кӯҳистон эҳтиёт кунанд.Аз ҳама даъват шудааст, ки ҳангоми дучор шудан ба офатҳои табиӣ тамоми қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя кунанд.