ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ГӮР СӮЗАДУ ДЕГ ҶӮШАД… БОЗДОШТИ ДУЗД ДАР ВАҚТИ СӮХТОР ДАР БОЗОРИ ҚУМСАНГИР

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 3 июли соли 2024 аз боздошти дузде хабар дод, ки  дар вақти сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) даст ба дуздӣ аз яке аз дӯконҳои оташгирифта задааст.

Милитсияи Хатлон гуфт, вақте шаби 1 ба 2 июли соли ҷорӣ дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳодисаи сӯхтор ба амал омад, дар баробари сӯхторнишонҳо ҳайати бузурге аз кормандони милитсия ҷиҳати таъмини тартибот ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд.

Ҳадафи сафарбар намудани кормандони милитсия ин кумак расондан ба дастаҳои сӯхторхомӯшкунӣ, эмин нигоҳ доштани маҳсулоти аз сӯхтор зарарнадида, халал нарасонидани шаҳрвандон ба рафти фурӯ нишондани сӯхтор ва пешгирӣ аз кӯшишҳои рабудани молу маҳсулоти соҳибкорон буд.

Дар вақти хизматбарӣ тақрибан соати чори субҳ шаҳрванд Каримов Абдуваҳоб Ҳоҷиевич санаи таваллудаш 25.11.1983, зодаи ноҳияи Ҷайҳун, шаҳраки Дӯстӣ, оиладор, соҳиби 5 фарзанд аз ҷониби кормандони милитсия дар вақти содир намудани ҷинояти дуздӣ дар мавзеъҳои аз сӯхтор зарардида дастгир карда шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 244, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва Каримов Абдуваҳоб ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад. Ба ӯ барои дуздӣ бо истифода аз офат ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Милитсияи Хатлон гуфт, “омӯзиши ҳолати мазкур гувоҳи он аст, ки баъзе аз шаҳрвандон новобаста аз вазъи баамаломада ба ҷои дасти ёрӣ дароз намудан ба ҳамватанони хеш дар чунин як лаҳзаи вазнину ҳассос даст барои тасарруфи моли ашёи онҳо дароз мекунанд. Дар натиҷа бо чунин амали ноҷавонмардона назди пайвандону атрофиён ва ҳамватанон як умр сархаму шармсор мегарданд…”

Бино ба иттилои расмӣ, шаби 1 ба 2-юми июли соли 2024, соати 22:47 дар бозори ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷайҳун сӯхтор ба амал омада, растаҳо ва нуқтаҳои савдоро дар масоҳати 2 ҳазорру 830 метри мураббаъ фаро гирифт. ВКД гуфт, сабаби ҳодисаи сӯхтор бар асоси хулосаи санчиши пешакӣ расиши ноқилҳои барқӣ буда, зарари расонидашуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад. ВКД ҳамчунин хабар дод, ки дар натиҷаи ҳодисаи мазкур зарари ҷисмонӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Як ҳамсуҳбати “Бомдод” қаблан гуфт, дар паҳлуи ин бозор, ки ба дучори сӯхтор шуд, алакай бозори наву замонавӣ сохта буданд ва чанд вақт боз аз тоҷирони бозори кӯҳна тақозо доштанд, ки ҳамагӣ ба бозори нав бикӯчанд. “Бозори нав бо риояи қоидаҳои бехатарӣ сохта шудааст. Аз ҷумла бо васоили пешгирӣ аз расиши кӯтоҳи ноқилҳо, ки як сабаби умдаи сӯхторҳост. Агар тоҷирони бозори кӯҳнаи Қумсангир гапногирӣ намекарданд ва сари вақт ба бозори нав мекӯчиданд, шояд молашон дар оташ намесӯхт”, – гуфт маънидорона ин ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон бозорҳо дучори сӯхтор мешаванд. Тоза моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар бозори “Баҳор”, ки ҳамчунин бо номи “бозори “Шаҳло” ҳам маъруф аст, дучори сӯхтор шуда буд.

Мақомот дар аксари кулли маворид расиши кӯтоҳи ноқилҳоро сабаби  ин офатҳо меноманд, вале бозорнишинҳо гоҳо дар бораи эҳтимоли қасдан оташ задани дӯконҳояшон ҳарф мезананд.

Соли 2023 дар Тоҷикистон 1236 сӯхтор рух дода, ин офатҳо боиси ҳалокати 23 нафар шудаанд. Ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор дар соли гузашта қариб 48 миллион, ё тақрибан 4,4 миллион долларро ташкил додааст. Соли 2022 дар Тоҷикистон дар 1234 сӯхтор 18 нафар ҷон бохта буданд.

Ноҳияи Ҷайҳун (марказаш шаҳраки Дӯстӣ) то соли 2016 Қумсангир ном дошт ва то ҳол бисёриҳо, бахусус насли калонсол ин минтақаро Қумсангир ном мебаранд.

Дар ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Ҷайҳун 140 ҳазор нафар ба сар мебаранд. Шуғли аксари сокинони ноҳияи Ҷайҳун кишоварзист. Вале чун дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон манбаи асосии даромади аксари хонаводаҳо дар ин ноҳия низ пулҳоест, ки азизони муҳоҷирашон аз хориҷ ва асосан аз Русия мефиристанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button