ДОДГОҲИ МАСКАВ МУРАББИИ ТОҶИК АЛИШЕРИ ИСМАТЗОДАРО ТО 28 АВГУСТ БА ҲАБС ГИРИФТ (ВИДЕО)
Рӯзи 3 июли соли 2024 додгоҳи ноҳияи Шербинкаи шаҳри Маскав мураббии 32-солаи гуштин аз Тоҷикистон Алишери Исматзодаро бо иттиҳоми маблағгузории терроризм барои қариб ду моҳ ба ҳабс гирифт. Дар ин бора Телеграм-канали “Суды Москвы общей юрисдикции” хабар дод.
Бино ба ин манбаъ, додгоҳи ноҳияи Шербинка дархости тафтишот ҷиҳати ҳабси Исматзода Алишери Камолиддинро, ки тибқи қисми якуми моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия ба мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ бо роҳи ба чунин фаъолиятҳо ҷалбу моил кардани афроди дигар айбдор мешавад, қонеъ сохт ва ӯро ба муҳлати як моҳу 28 рӯз, яъне то 28 августи соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифт. Бар асоси қисми якуми моддаи 205.1 ба Исматзода ҳамчун ҷазо аз 7 то 15 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи то 500 ҳазор рубл таҳдид мекунад.
Хадамоти матбуоти додгоҳҳои Маскав тафсилоти дигареро нашр накард, ваде хабарнигори хабаргузории русии ТАСС аз толори додгоҳ хабар дод, ки муфаттиши парванда ба додгоҳ гуфтааст, ки як хешованди Исматзода дар Сурия меҷангад ва ба зидди ӯ дар Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Исми ин хешованди Исматзода нашр нашудааст.
Ба ғайр аз ин, афзудааст муфаттиш, ҳангоми кофтуков аз хонаи Алишер Исматзода адабиёти ифротӣ ёфтаанд. Ӯ ҳамчунин ба он айбдор мешавад, ки ба афроди бо ҷурми фаъолиятҳои террористӣ зиндонишуда ваё гумонбар ба анҷоми чунин фаъолиятҳо пул гузарондааст.
Ба навбати худ адвокатҳо ба бегуноҳии Алишери Исматзода исрор варзида, гуфтаанд, ки тафтишот барои исботи даст доштани ӯ дар маблағгузории терроризм далелҳои кофӣ дар даст надорад. Онҳо аз додгоҳ хостанд, ки Исматзодаро ба ҳабси хонагӣ фиристад, на ба СИЗО. Вале додгоҳ дар ин масъала аз тафтишот пуштибонӣ накард, на аз адвокатҳои мураббии тоҷик.
Алишер Исматзода соли 1992 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ баъдан ба Маскав кӯчида, шаҳрвандии Русияро ба даст овард.
Исматзода соли 2015 Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризми Русияро ахтм карда, устоди варзиши Русия дар гуштини тарзи озод ва номзад ба устодии варзиш дар гуштини юнонию румӣ (фарангӣ) мебошад. Исматзода як муддат сармураббии тими яккачини шаҳри Маскав дар гуштини озод ва сипас тренери аршади тими миллии занонаи Русия дар ин навъи гуштин буд ва ахиран иҷрокунандаи вазифаи мураббии тими яккачини ҷавонони Русия шуд. Моҳи майи соли 2024 Мӯсо Сантиков, ки Алишери Исматзода машқаш медод, дар чемпионати Аврупо соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони Аврупо шуд.
Рӯзи 1 июли соли 2024 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба додгоҳи ноҳияи Шербинкаи шаҳри Маскав ҷиҳати ба ҳабси пешакӣ гирифтани мураббии гуштини тарзи озод Исматзода Алишери Камолиддин дархост додаанд. Дар Федератсияи гуштини варзишии Русия ин хабарро тасдиқ карда, “шокбарангез” номидаанд.
Бино ба иттилои нашршуда дар баргаи парвандааш дар сомонаи додгоҳи Шербинка, мураббии 32-солаи зодаи шаҳри Душанбе тибқи қисми якуми моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия ба мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ бо роҳи ба чунин фаъолиятҳо ҷалбу моил кардани афроди дигар айбдор мешавад. Тафсилоти дигари айбномаи зидди Алишери Исматзода ҳанӯз нашр нашудааст, вале бар асоси қисми якуми моддаи 205.1 ба ӯ ҳамчун ҷазо аз 7 то 15 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи то 500 ҳазор рубл таҳдид мекунад.
Дар Федератсияи гуштини варзишии Русия боздошти Алишери Исматзода аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тасдиқ кардаанд. “Барои мо ин хабар шокбарангез буд, вале муттаассифона, ин рост аст”, — гуфтааст намояндаи ин ниҳоди варзишӣ.