ВидеоҲодиса

ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 5 ИЮЛ ХАТАРИ СЕЛ ВА ТО 6 ИЮЛ ХАТАРИ ХОКБОРИШ БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 3-5 июли соли 2024 дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ, дар вилояти Суғд ва дар навоҳии ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел боқӣ мемонад.

Илова бар ин, рӯзҳои 1-3 июли соли 2024 дар як қатор навоҳии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бино бар тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар аст. Ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо гарду ғубори андозаашон 10 микрорентген (Pm-10) ва 2,5 микрорентген (Pm-2,5) гардад.

 Дар робита ба ин, Кумита аз сокинон хостааст, ки дар вақти хокбориш ба беморони гирифтори бемориҳои қалбу раг, диабети қанд, диққинафас (астма) ва фишори баланди хун таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд. Аз сокинон ҳамчунин хоста шуда, ки хонаҳоро бо латтаи тар пок карда, дар сурати зарурат ниқобҳои тиббӣ бипӯшанд.

Ҳамчунин аз сокинони манотиқи селхез хоҳиш карда мешавад, ки сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд ва соҳилҳоро мустаҳкам гардонанд. Кумита аз сокинон даъват кардааст, ки ҳангоми анҷоми корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чаронидани чорво дар манотиқи доманакӯҳ ва кӯҳистон эҳтиёт кунанд.Аз ҳама даъват шудааст, ки ҳангоми дучор шудан ба офатҳои табиӣ тамоми қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя кунанд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода метавонед бо ин рақамҳо занг занед ва кумак хоҳед:

– Навбатдори масъули Кумита -112, 221-91-19, 223-13-11;

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button