Дин ва боварҳоҲуқуқи инсон

ДАР ТОҶИКИСТОН НАФАҚАТ ҲИҶОБ, БАЛКИ ПӮШИДАНИ ҶИНСИ ДАРИДАВУ ДОМАНИ КӮТОҲ ВА ДЕКОЛТЕ ҲАМ МАНЪ ШУДААСТ

Дар Тоҷикистон тарҳи нави қонуни танзими ҷашну маросим ба иҷро даромад, ки моддаи 18-и ин қонун аз ин ба баъд воридот, фурӯш, таблиғ ва дар маконҳои ҷамъиятӣ пӯшидани “либоси барои фарҳанги миллӣ бегона”-ро манъ мекунад.

Аммо “либоси барои фарҳанги миллӣ бегона” чӣ маъно дорад? Дар қонун ба ҷуз аз ин ибораи хушк шарҳи дигаре дар ин бора дода нашуда ва маълум нест, ки оё манзур танҳо либоси мазҳабӣ, яъне сатру ҳиҷоб аст? Ин ҳам ҷудо карда нашудааст, ки оё сухан дар бораи либоси мардона меравад ё занона? Аз ин лиҳоз, бархе дар тааҷҷуб афтодаанд, ки магар он либоси мулкии аврупоидӯхте, аз ҷумла костюму доманҳое, ки барои мисол, мансабдорон, кормандони идораҳои давлатӣ ё донишҷӯён мепӯшанд, магар наметавонад ҳамчун “либоси барои фарҳанги миллӣ бегона” арзёбӣ шавад?

“Азия Плюс” аз рӯзи қабули ин қонун аз сӯи Маҷлиси намояндагон, дар тӯли беш аз як моҳ талош кард, то шарҳи вакилони палатаи поёнии парлумон дар бораи ин қонуни аз сӯи худи онҳо қабулшударо ба даст биорад, ки оё дар воқеъ “либоси барои фарҳанги миллӣ бегона” кадом либос аст ва ин қонуни нав мушаххасан манъи пӯшидани кадом либосро дар назар дорад?

Танҳо баъди онки рӯзи 22 июни соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин қонуни баҳсбарангез имзо гузошт, вакили Маҷлиси намояндагон Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар мусоҳиба бо “Азия Плюс” шарҳ дод, ки манзур фақат манъи сатру ҳиҷоб нест, балки  пӯшидани бархе навъҳои аз ҳад бози либоси аврупоӣ низ дар Тоҷикистон манъ карда мешаванд.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ

Хонум Ҷавҳарӣ гуфт:  “Аксари мардум фикр мекунанд, ки дар кишвар танҳо пӯшидани ҳиҷобу сатр манъ карда шудааст. Ин чунин нест, ба ғайри аз сатру ҳиҷоб пӯшидани либоси сиёҳи дарози “або” (абай), ки аз кишварҳои арабӣ омадааст, низ манъ карда мешавад. Ҳамчунин бархе навъҳои либоси аврупоӣ, аз ҷумла шимҳои даридаи ҷинс, либоси аз ҳад кӯтоҳу танг ва сари синааш аз ҳад кушода, яъне деколте низ манъ карда мешавад. Ин ҳама чораҳо бо мақсади пешгирӣ аз таъсири фарҳанги бегона аст”.

Ин дар ҳолест, ки дар қонуни танзим ба ҷуз аз ибораи “бегона” ягон навъи либоси мамнӯъ аслан мушаххас карда нашуда, шарҳ ҳам дода нашудааст.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ суол мегузорад, ки “либоси миллии тоҷикии мо чӣ бадӣ дорад, ки занону духтарон либоси бегонаро ба либоси гузаштагони худ бартарӣ медиҳанд?”

Вакили парлумон таъкид кард, ки либоси миллии тоҷикӣ хилофи меъёрҳои динӣ нест ва тоҷиконро ҳамчун миллат дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Хонум Ҷавҳарӣ ҳамчунин таъкид кард, ки қабули ин қонун ба маъное нест, ки акнун аз сари занону модарон рӯймоли онҳоро кашида хоҳанд гирифт.

Вале, афзуд ин вакили Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон ҳарчанд ҳамчун кишвари дунявии демократӣ ба арзишҳои дигарон эҳтиром қоил аст, вале ҳар миллат ба арзишҳои худ бартарӣ медиҳад.

 “Мо дар давлати демократии дунявӣ зиндагӣ дорем. Мо наметавонем либосеро, ки марбут ба асрҳои гузашта аст, таблиғ кунем. Ҳангоми интихоби либос бояд завқу хоҳиши  насли ҷавонро ҳам ба назар гирифт. Ман тарафдори дӯхтани либоси муосир бо роҳи омезиши шаклу гулу ороиши либоси миллӣ, ба мисли атласу адрасу чакан мебошам”, – гуфт Муҷибахон Ҷавҳарӣ. Ӯ афзуд, ки қонуни навро дар ҷомиа хуб пазируфтанд. Вале ӯ эътироф кард, ки “як қисм одамон бо ақидаҳои тунд ҳам ҳастанд”.

Хонум Ҷавҳарӣ аз Кумитаи занон ва тарроҳони либос хост, то либосҳои миллие бидӯзанд, ки шинаму зебо ва мақбули ҳамаи занону духтарон бошанд.

Аз замони ба иҷро даромадани тарҳи нави қонуни танзим инак ду ҳафта гузашт. Ёдовар мешавем, қабули ин қонун мавҷи вокунишҳо дар дохил ва хориҷи Тоҷикистонро ба дунбол дошт ва ҳатто чанд имоми афғон ва дастикам як фармондеҳи саҳроии тарафдори Толибон таҳдид карданд, ки барои ин ба зидди ҳукумати Тоҷикистон эълони ҷиҳод мекунанд.

Хушбахтона,  ин ихтилофот аз маҳдудаи таҳдидҳои лафзӣ фаротар нарафт. Боз ҳам хушбахтона, мақомоти Тоҷикистон низ аз тарафи худ то имрӯз даст ба рейдҳои густарда ба зидди занону духтарони ҳиҷобпӯш назадаанд, ҳарчанд аз ҷониби занону духтароне, ки ба пӯшидани либоси ҷавобгӯи меъёрҳои динӣ бартарӣ медиҳанд,  шикоятҳои алоҳидае дар бораи ба далели ҳиҷобашон таҳти таъқибу фишор қарор гирифтани онҳо ба даст мерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Дурандешӣ ва зирракии сиёсии “пешвои миллат” гуяд:

    Аксари занону духтароне, ки сатру ҳиҷоб мепӯшанд, на ба хотири дӯшманӣ бо “фарҳанги миллӣ”, балки ба хотири дӯстӣ бо дини худ (Ислом, ки як бахши бузурги фарҳанги миллист) мепӯшанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button