ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 62 АДАД СИЛОҲИ САРД ДАР ДУШАНБЕ, 60 СИЛОҲАШ – АЗ ДАСТИ НАВРАСОН (АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 2 июли соли 2024 хабар дод, ки кормандони милисияи пойтахти Тоҷикистон  зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ шаҳрванд Худойназаров Муҳаммадрофе, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри Душанберо такроран барои бо худ гирифта гаштани силоҳи сард боздошт намуданд. Ҳангоми кофтуков аз Муҳаммадрофе як адад корд дарёфту мусодира карда шуд.

Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Худойназаров Муҳаммадрофе протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 3-шабонарӯз таъйин карда шуд. Худи Худойназаров ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нест.

Милитсияи Душанбе бо нашри омори расмӣ хабар дод, ки аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, дар натиҷаи амалиётҳои санҷишӣ дар  давоми 6 моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ, дар умум 62 адад предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шудаанд. Аз ин шумор 51 ададро кордҳои гуногунтамға, 7 ададро кастет, 2 ададро бита  ва якададиро электрошокер ва табар ташкил медиҳанд.

Милитсия дар иттилоияш афзуд: “Нигаронкунанда он аст, ки 60-адади чунин предметҳо маҳз аз дасти ноболиғон дарёфту мусодира карда шудаанд”.

Гуфта мешавад, нисбат ба волидайни онҳо тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.  Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои хунукназарӣ дар тарбияи фарзандон ҷаримаро ба маблағи аз 216 то 360 сомонӣ пешбинӣ мекунад.

Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли волидайн ва он нафароне, ки дар таълиму тарбия наврасон масъуланд, хостааст, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд ва ба ҷои машғул шудан ба корҳои беҳуда дар давоми  таътили тобистона ба корҳои муфиде, ба мисли хондани китобҳои бадеию иҷрои амалҳои манфиатбахш моил намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button