ВидеоКоррупсияТоҷикистон

МОДАРИ 65-СОЛАИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” БА 13 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи олии Тоҷикистон Соҷида Саидмуродова, модари 65-солаи Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ”-ро ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Писари ӯ, корманди собиқи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷурми таҳия ва раҳбарии ҷинояти сангин: рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Соҷида Саидмуродова 14 соли зиндон талаб карда буд. Бино ба иттилои манобеи радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои “Озодӣ”) , Додгоҳи олӣ ин зани солхӯрдаро ба қаллобӣ, сохтакории аснод, ғасби қитъаи замин ва монеагӣ ба тафтишот гунаҳкор донист. Наздиконаш айбҳои ба зидди Соҷида Саидмуродоваро беасос меноманд, аммо дар айни замон шикоят кардан аз ҳукми содиркардаи додгоҳро бефоида медонанд.

Ду манбаъ дар Додгоҳи олӣ гуфтаанд,  ки ҳукми Соҷида Саидмуродова 19-уми июн содир шуд, вале то ҳол қувваи қонунӣ нагирифтааст.

Ба гуфтаи ин манобеъ, ҳамроҳ бо Соҷида Саидмуродова ду корманди идораи бойгонӣ ва як масъули собиқи корхонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул (МБТИ) низ ҷазо гирифтанд. «Онҳо дар сохтакории аснод ба Саидмуродова ёрӣ додаанд ва барои онки гуноҳашон вазнин набуд, танҳо ҷарима шуданд,” – афзуд ҳамсуҳбати радиои зану шӯ дар Додгоҳи олӣ.

Ин се нафар аз қарори додгоҳ шикоят накардаанд. Бо гузашти ду ҳафта аз содир шудани ҳукм, Соҷида Саидмуродова низ аз ҳукмаш шикоят накардааст. Яке аз пайвандони наздики ин зан гуфт, аз Саидмуродова ба хотири писараш Дилшод қасос гирифтанд. Дар Додгоҳи олӣ инро рад карда гуфтанд, ҳукм бар асоси далел содир шуд ва агар ӯ норозӣ аст, бигзор шикоят кунад. Масъулони Додгоҳи олӣ гуфтанд, Саидмуродова то 5 июл ҳақ дорад ба зинаи болоии додгоҳ шикоят кунад.

Аммо як хешованди Соҷида Саидмуродова ба шарти набурдани номаш гуфт: “Шикоят кардани мо дар ин шароит чӣ фоида дорад? Умед дорем, ки ин зани пиронсолро бар асоси қонунҳои афви оянда озод мекунанд”.

Ҳамсуҳбатони радиои зану шӯ дар Додгоҳи олӣ дар шарҳи айбнома гуфтанд, иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакории аснод нисбат ба ин зан ба харидуфурӯши як хона дар соли 2016 рабт дорад. Пайвандони Саидмуродова ҳам тасдиқ кардаанд, ки як баҳси асосӣ дар парванда масъалаи хонаест, ки додгоҳ онро мусодира кардааст.

Дар Додгоҳи олӣ мусодира шудани хонаро тасдиқ ё рад накарданд. Масъулини додгоҳ танҳо гуфтаанд, хонаро шавҳари Соҷида Саидмуродова пеш аз вафоташ ба як нафар туҳфа кардааст, аммо гӯё ин зан манзилро боз ба ду нафари дигар фурӯхтааст. Баҳси ин хона алоҳида дар Додгоҳи шаҳри Душанбе идома доштааст.

“Иттиҳоми дигар дар парвандаи Соҷида Саидмуродова худсарона ғасб кардани қитъаи замин аст. Тафтишот муайян кард, ки Саидмуродова дар ошёнаи якуми бинои баландошёнае дар Душанбе зиндагӣ мекард ва замини поёни биноро ғасб кардааст», –  гуфтааст манбаъ дар Додгоҳи олӣ. Пайвандони Саидмуродова дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Иттиҳоми чорум дар парвандаи Соҷида Саидмуродова ба қазияи писараш Дилшод Саидмуродов, мулаққаб ба “Дилшоди СБ” ва “Дилшоди Красавчик” рабт дошта, муфаттиш аз болои Соҷида Саидмуродова шикоят кардааст, ки дар рафти тафтиши қазияи писараш ба раванди тафтишот дахолат ва мамониат кардааст. Аммо мақомот нагуфтанд, ки Соҷида Саидмуродова чӣ гуна ба кори тафтишот монеъ шудааст ваё дахолат кардааст?

Соҷида Саидмуродова, санаи таваллудаш 4 феврали соли 1959, ҳамсари раҳбари собиқи корхонаи пурдаромади “Тоҷикнафт” буд. Худи Соҷида Саидмуродова дар гузашта солҳои зиёд мудири Фурӯшгоҳи марказии Душанбе (СУМ) буд ва баъдан соҳибкорӣ мекард. Шавҳари кунунии ӯ дар ВКД дар як мансаби баланд кор мекунад.

Соҷида Саидмуродова рӯзи 30 августи соли 2023 дар ҳоле дастгир шуд, ки писари ӯ “Дилшоди Красавчик” баъди куштани Шуҳрат Исматуллоев аз Тоҷикистон фирор карда буд ва мақомот дар пайи ҷустуҷӯяш буданд.

Дар аввал хабаре нашр шуд, ки гӯё Соҷида Саидмуродоваро бо ҷурми … “майдаавбошӣ” ба ҳабс гирифтаанд. Мақомоти Тоҷикистон бисёр вақт афродро то эълони айбномаи асосӣ бо иттиҳомоти дувумдараҷае, чун “майдаавбошӣ” ё “итоат накардан ба амри қонунии кормандони мақомот” дастгир мекунанд. Бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ барои чунин қонуншиканиҳо метавонанд шаҳрвандонро то 15 шабонарӯз ҳабс кунанд ва ин фурсат ба мақомот имкон медиҳад, ки гумонбаршавандаро дар ҳабс нигоҳ дошта, бо ӯ  “кор кунанд”.

Аммо ҳамон вақт, Искандар Розиқов, ҳуқуқшинос ва боғпарвари шинохтаи тоҷик, масъули гуруҳи пурхонандаи “Ангур ва боғ” дар Фейсбук, хабар дод, ки Соҷида Саидмуродова ва адвокати хонаводаашон Парвиз Шариповро дар асл барои қаллобӣ дастгир кардаанд.

Искандар Розиқов асли моҷароро чунин нақл карда буд: “Бинои моро бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии писараш Саидмуродов Дилшод, духтархолааш нотариуси давлатӣ Анварова Зарина, адвокати оилавиашон Шарипов Парвиз, дӯсти Саидмуродов Дилшод Дӯстов Бежан ҳуҷҷатҳои қалбакӣ намуда, аз тарафи нотариуси давлатӣ духтархолаашон Анварова Зарина ба номи Саидмуродова Соҷида мероси қалбакӣ карда, баъдан ба номи модари Дӯстов Бежан Сироҷова Ҳусноро хариду фурӯш карданд. Ана барои ҳамин ҷиноят Саидмуродова Сожида ва адвокаташон Шарипов Парвиз дар ҳабс мебошанд. Дӯстов Бежанро кай ҳабс мекарда бошанд?, номаълум. Мо ҷабрдида ҳисоб меравем. Дӯстов Бежан баъд аз гурехтани “Дилшоди СБ” биноро ба дигар кас фурӯхт. Худо медонад,ки ин биноро мо мегирифта бошем ё не? Чунки онҳо ҳоло ҳам пуштибон доранд”.

Розиқов шарҳ надод, ки сухан дар бораи кадом бино меравад?

Он вақт фарзияе ҳам садо медод, ки зоҳиран мақомот бо боздошти модараш мехоҳанд Дилшод Саидмуродовро ба берун шудан аз пинҳонгоҳаш ва ба Тоҷикистон баргаштану худро ба мақомот таслим кардан водор кунанд. Дар ҳақиқат, дар аввали моҳи октябри соли 2023, яъне як моҳ баъди  боздошти модараш “Дилшоди Красавчик”, ки чандин моҳ тавонист аз таъқиби мақомот фирор кунад, ба таври мармуз завлона дар дасту по ба Тоҷикистон оварда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Молу мулки ин 16-нафар ба нафъи фарзандони шӯҳрат исматуллоев ҳамчун ҷубронпулӣ мусодира карда шаванд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button