МАРГИ 8 КАС – 3 МЕҲМОН АЗ ӮЗБЕКИСТОН ВА 5 УЗВИ ЯК ОИЛА АЗ АЙНӢ – ДАР 2 САДАМАИ ДАҲШАТБОР (3 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 2 июли соли 2024 дар ду садамаи даҳшатбор дар километри 50-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва дар роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ дар наздикии деҳаи Шеватки поёни ноҳияи Айнӣ 8 нафар – 3 меҳмон аз ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ва 5 узви як оила аз Шеватки поён, бо шумули зану шавҳар ва се фарзанди хурдсоли онҳо – ба ҳалокат расидаанд. Танҳо дар як ҳафтаи охир бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 30 нафар, аз ҷумла тақрибан 10 кӯдак ҷон бохтаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи, садамаи аввали маргбор 2 июли соли 2024, тахминан соати 13:00, дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб-Хуҷанд рӯй дод. Ронандаи мошини тамғаи “Daewoo Nexia”, бо рақамҳои давлатии Ӯзбекистон 40Н174 GB uz, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд ба тарафи шаҳри Душанбе бо мошини боркаши КАМАЗ сарбасар зад.
Дар натиҷаи садама, ронанда ва ду мусофири “Нексия” (ду марду як зан) дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба ҷои ҳодиса омада, ҳалокшудагонро бо истифода аз таҷҳизоти махсус аз дохили мошини пачақшуда берун овардаанд.
Шахсияти ронандаро муайян кардаанд. Ӯ Бойгитов Нурмаҳмад, санаи таваллудаш 11.05.1964, сокини вилояти Фарғона будааст. Шахсияти мусофирони ӯ низ муайян карда мешаванд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса билофосила ҳамон рӯзи 2 июл вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистонро хабардор кардааст.
Садамаи дуюми даҳшатбор дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух дод. 2 июли соли 2024, тахминан соати 16:50, дар роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ, дар наздикии деҳаи Шеватки поёни ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ, ронандаи мошини тамғаи “Musso” сокини 32-солаи деҳаи Шеватки поён ҳангоми ҳаракат аз тарафи маркази ноҳияи ба тарафи деҳаи Шеватки поён аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонист ва мошини ӯ ба ҷарии умқаш тақрибан 450 метр чаппа шуд. Дар натиҷаи ҳамаи 5 нафаре, ки дар дохили ин мошин буданд: ронанда, ҳамсараш ва 3 фарзанди хурдсоли онҳо дар ҷои ҳодиса ҷон доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони қурбониёни ин садамаҳо аз ҳамаи ронандагон бори дигар хостааст, ки ҳангоми ҳаракат хеле ҳушёр бошанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ба хусус суръатро қатъиян риоя кунанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 27 июни соли 2024 бар асари бархӯрди ду “Опел” дар мавзеи Офтоблиқо дар канори шаҳри Кӯлоб дар ҷанубушарқи Тоҷикистон 7 сокини ноҳияи Мӯъминобод, аз ҷумла як модари ҷавон бо се фарзанди хурдсолаш ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар чанд рӯз боз бо ҷароҳатҳои вазнин дар шуъбаи реаниматсияи бемористони Кӯлоб қарор доранд.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста шуда, ҳар сол бар асари садамаҳо дар ин кишвар то 400 нафар кушта ва то 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.


